Нотаи навбатии Ӯзбекистон ба Русия дар робита ба латукӯби шаҳрвандонаш дар Приморе

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивасток дар робита латукӯб ва таҳқири чанд шаҳрвандаш дар ин кишвар ба мақомоти Русия нотаи расмӣ фиристодааст. Дар ин бора Юсуф Кобулҷонов, консули генералии ин кишвар хабар додааст, менависад хабаргузории "Фарғона". Шаби 10-уми сентябри соли равон дар минтақаи Приморск як гурӯҳ наврасон дар ҳолати мастӣ ба автомашинае осеб расонида, ба дохили он газ мепошанд ва сипас ба ронандаи […]

Asia-Plus

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивасток дар робита латукӯб ва таҳқири чанд шаҳрвандаш дар ин кишвар ба мақомоти Русия нотаи расмӣ фиристодааст. Дар ин бора Юсуф Кобулҷонов, консули генералии ин кишвар хабар додааст, менависад хабаргузории "Фарғона".

Шаби 10-уми сентябри соли равон дар минтақаи Приморск як гурӯҳ наврасон дар ҳолати мастӣ ба автомашинае осеб расонида, ба дохили он газ мепошанд ва сипас ба ронандаи мошини боркаш дармеафтанд.

Дар идома дар дохили мағозаи шабонарӯзӣ ба як ронандаи таксӣ ва мусофираш, ки гуфта мешавад шаҳрвандони Ӯзбекистонанд, дарафтода, онҳоро аз нигоҳи нажодӣ таҳқир ва латукӯб мекунанд. 

Ҳоло шахсияти ҳамаи ҳамлагарон муайян карда шуда, яке аз онҳо боздошт ва ду нафари дигардар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Юсуф Кобулҷонов гуфтааст, ки дар Кумитаи тафтишотии Русия  дар пайи ин ҳодиса бо пайванд ба авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, ба осебдидагон кумаки ҳуқуқӣ расонида, онҳо ба мақомоти пулиси Владивосток муроҷиат кардаанд.

Дар Консулгарии генералӣ зикр кардаанд, ки ин қазия зери назорати намояндагиии дипломатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, дипломат аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш намудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва ба даъватҳои худсарона маҳкум кардани гунаҳкорон роҳ надиҳанд.

Бори аввал нест, ки Ӯзбекистон дар робита ба бархурди тунди шаҳрвандон ва мақомоти Русия нисбат ба табааш  ба ин кишвар нотаи эътирозӣ мефиристанд. Аз ҷумла, аввали моҳи сентябр ВКХ Ӯзбекистон бо ирсоли як нотаи расмӣ ба ВКХ Русия хост, шахсияти фарде, ки дар Химкии вилояти Маскав як ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, шиносоӣ карда, алайҳи ӯ чораи қонунӣ андешад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.