Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

– Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия, ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Ҷаласа ду рӯз идома мекунад.

– Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Имрӯз соати 23:15 бо вақти Душанбе, дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”-и Риёз дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё дар Арабистони Саудӣ рақобат мекунанд.

– Дар Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ оғоз ёфт, ки он то 18-уми сенятбр идома меёбад. Дар форум масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.

– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм аввалин истироҳаткунандагонро қабул кард.

1992  – Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ташкил шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2012 – Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси андоз дар таҳрири нав имзо гузошт.

2015 – Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (фаъолияти он ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) Муҳиддин Кабириро барои ҳамдастӣ бо генерал Абдуҳалим Назарзода ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард.

2017 – Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии роҳҳои Абрешим: “Зарафшон-Қароқум” (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

1912 – Мавлуди Георгий Менглет, ҳунарпешаи синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

1938 – Мавлуди Мустафоқул Муртазоев, мутриб, навозандаи маъруфи тоҷик (Рубоби қошғарӣ).

1948 – Мавлуди Фаррух Қосим, ҳунарпеша, коргардони маъруфи театри тоҷик ва асосгузори театри “Аҳорун”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаррух Қосим

Фаррух Қосим дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физика равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишгоҳи санъати Точикистон барои таҳсил дар бахши ҳунарманди синамо ва театр пазируфта шуд.

Баъд аз поёни давраи донишгоҳ Фаррухи ҷавон дар Театри Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша ва коргардон тайи 20 сол фаъолият намуд ва сипас бо дархости гурӯҳе аз ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, коргардонии ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифт.

Ҳамзамон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Фаррух Қосим театри худро бо номи “Аҳорун” таъсис дод (ҳоло театри таҷрибавии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) ва марҳилаи дурахши ҳунарии Фаррух Қосим оғоз ёфт.  

Намоишномаҳои ӯ – “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шоҳ Фаридун”, “Хонасӯзон”, "Раъно" ва "Тортюфт" ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар муарифӣ намуд.

Ин ҳунарманди саршиноси тоҷик  7-уми феврали соли 2010 дар синни 62 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

1954 – Зодрӯзи Тӯйчӣ Абдуфаттоев, ҷарроҳи кӯдакон, доктори илмҳои тиб, профессор.

1958 – Зодрӯзи Тӯлқин Хоҷа, шоири ӯзбектабори Тоҷикистон.

1973 – Зодрӯзи Сайёра Баҳодурова, шоираи муосири тоҷик.

1985 – Зодрӯзи Абдулло Қурбонов, бонкдор, яке аз бунёнгузорон ва роҳбарони “Алиф Бонк”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулло Қурбонов

Абдулло Қурбонов дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.  Соли 2002 Литсейи тоҷикӣ-туркии Душанберо хатм карда, соли 2008 ба Донишгоҳи Босфори Туркия ба ихтисоси менеҷмент дохил шудааст. Баъдан зинаи магистратураи Донишгоҳи иқтисодии Лондонро хатм кардааст.

Пас аз хатм як муддат дар Британияи Кабир ва Муғулистон ба ҳайси таҳлилгари Бонки UBS кор кард. Солҳои 2012—2014 муовини раиси “Ориёнбонк” буд.

Соли 2014 бо чанд нафари дигар муассисаи молии “Алиф Сармоя”-ро таъсис дод, ки ҳоло номи “Алиф-Бонк”-ро дорад ва аз ҳамон сол то соли 2022 мудири он буд.

Айни ҳол ин соҳибкори ҷавон дар Англия ташкилоти молиявии нав – “Ayan Capital” таъсис додааст ва онҷо фаъолият дорад. 

1990 – Зодрӯзи Лоиқ Раҷабов, размикори муҳорибаҳои омехта (MMA) дар вазни сабук.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов маъруф ба “Тонки тоҷик” дар Данғара ба дунё омадааст. Сарфи назар аз он, ки ӯ дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан таҳсил намудааст, роҳи касбии худро дар муҳорибаи омехта бунёд кард. Ӯ аз соли 2022 инҷониб дар UFC ҳунарнамоӣ мекунад. То имрӯз ӯ дар ин ташкилот се муҳориба гузаронида, 2 ғалаба ва як мағлубият дорад. Ягона шикасти ӯ дар ин ташкилот аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский буд.

Дар умум, ӯ 23 муҳориба гузаронида 18 ғалаба, 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

1961Пӯлод Толис, нависандаи маъруфи тоҷик дар 32 солагӣ даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пӯлод Толис

Нависандаи маъруфи тоҷик Пӯлод Толис 24-уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Хуҷанд, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳозир “Ҳақиқати Суғд”), котиби масъули маҷаллаи “Пионер”, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Пӯлод Толис аз зумраи нависандагоне буд, ки дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯйи рози ниҳони кӯдакон пешдаст буд. Қаҳрамонони асарҳояш коргарони ҷавон, деҳқонон, зиёиёни шаҳру деҳот, толибилмон буданд.

Яке аз беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯ “Тобистон” аст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳикоя мекард. Ин асар ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Дар заминаи он ҳатто филми ҳунарии “Тобистони соли 1943” таҳия гардидааст. 

Пӯлод Толис дар айни маъруфият ва рушди касбияш дар 32 солагӣ 17 сентябри соли 1961 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бехатарии беморон таҷлил мегардад. Ин рӯз моҳи майи соли 2019 дар Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақсад аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи бехатарии беморон ва ҳавасмандгардонии ҳамкории муштараки ҳам ҷомеаи касбӣ ва ҳам худи беморон, хешу табори онҳо ва ташкилотҳои гуногуне мебошад, ки манфиати беморонро ҳимоят мекунанд.

238 сол пеш дар Филаделфия Конститутсияи ИМА қабул гардид.  Ин санад аз ҷониби Конвенсияи конститутсионӣ дар Филаделфия 17-уми сентябри соли 1787 таҳия ва қабул гардида, баъдан аз ҷониби ҳамаи 13 иёлоти он замон мавҷуд тасдиқ карда шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Конститутсияи ИМА қадимтарин ва мухтасартарин қонуни асосӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Он аз муқаддима ва 7 модда иборат буда, бо баъзе тағйирот (27 ислоҳ) то имрӯз амал мекунад. Дар замони худ он як санади барҷастаи демократӣ ва инқилобӣ ба ҳисоб мерафт.

17 сентябри соли 1922, дар Маскав нахустин радиоконсерт баргузор гардид. Бори аввал аз радиои ин шаҳр садои “Гӯш кунед! Маскав сухан мекунад!” шунида шуд.

Баъдан соли 1924, бо истифода аз истгоҳи радиои Соколники, пахши мунтазами барномаҳои радиоӣ оғоз гардид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025              

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 17+22º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм,  рӯзона 25+30º гарм

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 11+16º гарм

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 28+30º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 23+25º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм

Дар шаҳри Хоруғ  – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...