Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 19 СЕНТЯБР

– Имрӯз, соати 9:00 дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор фестивал-намоиши “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” баргузор мегардад. 

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна”  идома дорад. Ин намоиш  ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.

Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо  ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

–  Дар Душанбе дуввумин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – 2025" (DITE-2025) идома дорад.  Намоишгоҳ аз 18 то 20-уми сентябри доир гардида, дар он зиёда аз 200 ширкату ташкилот аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ,  ҷумла тиҷорат дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, сайёҳии фарҳангӣ ва тиббиро намояндагӣ мекунанд, ширкат мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 СЕНТЯБР

1940 – Оғози сохтмони канали бузурги Ҳисор.

2005 – Баргузории Фестивали байналмилалии ансамблҳои миллии фолклорӣ-этнографӣ “Садои дилҳо”.

2010 – Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, мошини низомиёни ҳукуматӣ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа 23 сарбозу афсар ба ҳалокат расида, 17 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот дар ин ҳодиса Аловуддин Давлатов, маъруф ба “Алии Бедакӣ”-ро гунаҳкор карданд.

2013 – Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи зотпарварӣ”, 2Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”-ро ба имзо расонид.

2017 – Дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

1953 – Зодрӯзи Абдураҳим Шерматов, овозхон ва мақомсарои тоҷик,  Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

1954 – Зодрӯзи Ҳошим Раҳимов, ҳунарпешаи синамо.

1959 – Зодрӯзи Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Барзу Абдураззоқов

Падари ӯ коргардони маъруфи театр Ҳабибулло Абдураззоқов ва модараш ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Дар соли 2009 намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93", ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ аз Тоҷикистон рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.

Ин коргардони пуровозаи тоҷик тӯли фаъолияти хеш зиёда аз 50 намоишро дар саҳнаи театри тоҷик ва хориҷ ба саҳна гузоштааст. Гарчанде фаъолияти ӯ дар кишвари худаш маҳдуд, аммо ӯ фаъолияташро дар театри кишварҳои дигар идома дода, онҷо ном баровард.

1968 – Зодрӯзи Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 2013—2024.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Раҳимӣ

Академик Фарҳод Раҳимӣ таҳсилоти касбиро соли 1992 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ихтисоси физик гирифтааст.  

Фаъолияти кориашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаашро дифоъ намуд. Баъд ах хатм дар ин донишгоҳ то соли 2005 дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Фарҳод Раҳимӣ солҳои 2005-2013 ҳамчун муовини вазири маорифи Тоҷикистон ва дар солҳои 2013-2024 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияташро идома дода  аз 16 январи соли 2024 то инҷониб дар вазифаи раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият дорад.

1970 – Зодрӯзи Мисбоҳиддини Нарзиқул, мунаққид ва адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мисбоҳиддини Нарзиқул

Профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул фаъолияти кориашро пас аз хатми Донишгоҳи  милли Тоҷикистон дар соли 1993 аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент ва профессор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик фаъолият кардааст.

То ба имрӯз дар ҳамин Донишгоҳ ба ҳайси ҷонишини декани факултет оид ба илм фаъолият дорад.

Ҳамин сол китобхонаи оилавии Мисбоҳиддини Нарзиқул дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин китобхонаи оилавӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.  Хабарнигори “Азия-Плюс” ба суроғи ин адабиётшиноси тоҷик рафт ва пиромуни китобхонаи ӯ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, мавқеи китоб барои насли нав ва мазмуну муҳтавои асарҳо суҳбат орост. 

1970 – Зодрӯзи Тоҷибой Султонзода, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

1970 – Зодрӯзи Гулбаҳор Турсунова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.

1970 – Зодрӯзи Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки милли Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гулбаҳор Назирӣ донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактаби миллӣ ва иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот хатм намудааст.  Аз соли 1992-2007 дар ин донишгоҳ ҳамчун омӯзгор фаъоляит кардааст.

Аз соли 2007 то соли 2011 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор ва дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди факултаи молия фаъолият кардааст. Солҳои 2011-2015 вазифаи декани факултаи бизнес ва идоракунии донишгоҳи мазкурро ба зимма дошт.

Гулбаҳор Назирӣ солҳои 2015-2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 17 августи соли 2022 вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

1971 – Зодрӯзи Гулбаҳор Маҳкамова, яке аз занони соҳибкори муваффақи кишвар, муассиси бонки “Имон Интернешнл”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гулбаҳор Маҳкамова яке аз чеҳраҳои Тоҷикистон дар рушди соҳибкории занон ва бахши микросармоя мебошад. Ӯ зиёда аз 25 сол аст, ки барои тавонмандсозии занон кор мекунад ва аз аввалин шахсоне буд, ки дар кишвар лоиҳаҳои микрокредитиро роҳандозӣ намуд. Бо ташаббуси ӯ маркази “Гулрухсор” таъсис ёфт, ки то имрӯз ба садҳо қурбонии хушунати хонаводагӣ ёрӣ мерасонад.

Маҳкамова таҳсилкардаи филология буда, баъдтар худро дар соҳаи тиҷорат ва сармоя такмил дод ва имрӯз муассиси ташкилоти байналмилалии “Financial Inclusion and Development” дар Амрико аст, ки соли 2017 таъсис дод ва то ба имрӯз худ онро идора мекунад.  

Дар баробари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ, Гулбаҳор дорои чандин мақолаҳои илмӣ ва чор монография буда, айни ҳол рисолаи докториро дар мавзӯи дохилшавии молиявӣ омода мекунад.

Ҳамзамон директори генералии Ассотсиатсияи милии бонувони соҳибкори Тоҷикистон мебошад. 

1972 – Зодрӯзи Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Матлубахон Сатториён

Матлубахон Сатториён соли 1994 Донишгоҳи педагогии Хуҷандро хатм кардааст.

Солҳои 2008-2011 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, аз январ то августи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошар, солҳои 2011—2014 раиси шаҳри Истиқлол, солҳои 2014 -2018 раиси шаҳри Гулистон ва солҳои 2018—2020 раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Матлубахон Сатториён аз 3 ноябри соли 2020 то 29 январи соли 2024 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 29 январи соли 2024 вазири фарҳанги Тоҷикистон аст.

1976 – Зодрӯзи Саодат Аминҷонова, пизишк, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2013 – Музаффар Махсумов, ахтаршинос, доктори илмҳои физикаву математика дар 76 солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи таваллуди “тасвирак” (смайлик) аст, нишонае, ки эҳсосот ва амали инсон дар шакли электронӣ ифода мекунад.

19 сентябри соли 1982 профессори Донишгоҳи Карнеги-Меллон Скотт Фалман бори аввал пешниҳод кард, ки се аломати пайдарпай: ду нуқта, тире ва қавси пӯшидаро  “🙂” барои ифодаи “рӯи хандон” дар матне, ки дар компютер чоп мешавад, истифода баранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамон номае, ки Фалман бори аввал бо истифодаи тасвиракҳо навишта буд ҳифз мешавад.  

Дар тӯли мавҷудияти худ “тасвирак” ба як ҷузъи ҷудонопазири муоширати электронӣ табдил ёфтааст. Насли навин бидуни истифодаи тасвиракҳои паёмҳои худро тасаввур карда наметавонанд.  То ин лаҳза тамоми шакли тасвиракҳо пайдо шуданд, ки тамоми навъи эҳсоси инсон ва амали онро бидуни матн метавонад ифода кунад.

Дар ин рӯз, соли 1888, дар Белгия аввалин озмуни зебоӣ дар таърихи инсоният баргузор гардид. 21 нафар довталаб дар қисми ниҳоии озмун барои дарёфти унвони “Маликаи зебоӣ” иштирок карданд. Интихоби духтарон ба даври ниҳоӣ аз рӯи аксҳое, ки ба ҳайати доварон фиристода шуда буданд, сурат гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ғолиби озмун Берта Сукараи 18-сола, аз Гваделупа, гардид, ки ба ӯ мукофоти 5 ҳазор франк супурда шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025           

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона бебориш дар назар аст.  Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+20º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 24+29º гарм

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 14+19º гарм

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15º гарм, рӯзона 22+24º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...