“Духтари тоҷик метавонад наҷотбахш ҳам бошад”. Чӣ гуна Маҳдия тавонист аввалин тоҷикдухтар дар Донишгоҳи Кингстон бошад?

Date:

“Духтарҷон, сӯхторхомушкунӣ ба ту мезебад, – бо ишора ба қади баланди ман гуфт, яке аз вазирони кишвар, ки узви комиссияи интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷ буд. Ин як шӯхӣ буд, аз ҷониби вазир, аммо ман ҷиддӣ будам ва мехостам дар риштаи муҳити зисти зери хатару офат (Environmental Science with Hazard and Disaster), ки бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Донишгоҳи Кингстони Лондон аст, таҳсил кунам”, – мегӯяд Маҳдия Саидова.

Маҳдия ҳоло 21 сол дорад ва дар пойтахти Британия Кабир таҳсил мекунад. Бо ҳамон қатъияте, ки назди вазир нишон дод, таҳсилашро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон идома медиҳад. Ӯ мехоҳад собит кунад, ки духтари тоҷик давомдиҳандаи пайкори Гурдофариду Зебунисо аст ва қаҳрамонӣ дар хуни ӯст.

 

Аз орзу то амал

Маҳдия дар кӯдакӣ орзу дошт, ки дар Олмон таҳсил кунад ва духтур шавад. Бо ин мақсад чанд сол забони олмонӣ омӯхт.

Аммо тақдир ӯро ба Донишгоҳи давлатии омузгорӣ бурд. Ӯ таҳсилро дар ин донишгоҳ оғоз ва ҳамзамон талош кард, бо барномаи “Ausbildung” ё “Freiwillings Sozials Jahr”, ки имкони таҳсилу кор дар Олмон медиҳанд, ба ин кишвар равад ва таҳсилро онҷо идома диҳад.

Аммо дар ниҳоят, аз ин роҳ муваффақ нашуд ва барои гирифтани идрорпулии “Дурахшандагон”, ки аз буҷети Тоҷикистон таҳсилу зисти донишҷӯёнро дар хориҷ маблағгузорӣ мекунад, ҳуҷҷат супорид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳдия Саидова дар идораи Asia-Plus

“Рақобат барои гирифтани идрорпулӣ хеле ҷиддӣ аст, аммо ман бо қатъият ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Вале на барои таҳсил дар риштаи тиб”, – ба ёд меорад Маҳдия.

 

Эҳсоси наҷотбахшӣ

Ӯ мегӯяд, вақте аз рӯйхати ихтисосҳои пешниҳодгардидаи “Дурахшандагон” бахши тибро меҷуст, чашмаш ба ихтисоси “ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” афтод.

“Касби ҷолиб ва зарурӣ аст. Болои ин, дар кишвари мо мутахассиси ин бахш кофӣ нест ва рақобат шояд камтар бошад. Баъди мулоҳиза хулоса кардам: дар ҳамин ихтисос таҳсил мекунам”, – мегӯяд Маҳдия.

Қаҳрамони мо гуфт, вақти интихоби ихтисос, эҳсоси кӯмак ба инсонҳо, ғамхорӣ ба табиат ва дар умум, наҷотбахшӣ нақши ҳалкунанда бозид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Даври якуми имтиҳон аз фанҳои мактабӣ буд, ки Маҳдия онро ба осонӣ супорид. Имтиҳони воқеӣ дар даври дуюм ӯро интизор буд: бояд ба суолҳои аъзои комиссияе, ки аз вазиру равоншиносу мутахассисони забонҳои хориҷӣ иборат буд, шифоҳӣ посух медод.

“Қади баланди мувофиқ ба ихтисоси интихобкарда, донистани чанд забони хориҷӣ ва албатта, посухҳои қотеъ ба саволҳои ироашуда бароям роҳи таҳсил дар Донишгоҳи Кингстонро боз кард”, – бо ҳисси ифтихор нақл мекунад Маҳдия.

Бо ҷиддияти ба худ хос ба наврасону ҷавонон маслиҳат медиҳад: “Хуб хонед, забонҳои хориҷиро омӯзед ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақти худро беҳуда нагузаронед! Муваффақ мешавед”.

 

Сафар ба Лондон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз донишгоҳи Кингстони Британия то Пейси Амрико. Қиссаи чанд донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд

“Вақте ба Лондон расидам, маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Шаҳри калон, марказҳои тиҷоратӣ, биноҳои таърихиву зебо ва ҳама пайи коре. Вақте ба Донишгоҳи Кингстон рафтаму шаҳомати онро дидам, ба худ гуфтам, ки хуб мехонам ва мутахассиси беҳтарин мешавам”, – ба ёд меорад Маҳдия.

Ӯ мегӯяд, дар ин донишгоҳ танҳо тоҷик буд, ки ба таҳсил оғоз кард. Аммо дар донишгоҳҳои дигари Британияи Кабир тоҷикон таҳсил мекунанд.

“Ҳамватанонеро, ки дар дигар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекарданд, пайдо кардам ва онҳо барои мутобиқ шудан дар макони нав бароям кӯмаки зиёд карданд. Он лаҳза эҳсос кардам, ки мо-тоҷикон халқи меҳрубону ба ҳамдигар ғамхорем. Дар ғарибӣ ин хеле зуд эҳсос мешавад ва ба кас нерӯ мебахшад”, – зикр мекунад Маҳдия.

Ҳамин тавр, Маҳдия ба Донишгоҳи Кингстон дохил гардид, аммо шаш моҳи аввал ӯ барои таҳсил омода шуд.

 

Сӯхторхомӯшкун, наҷотбахш ё тадқиқотгард?

Ҳоло Маҳдия донишҷӯи курси дуюм аст. Ӯ мегӯяд, давоми бештар аз ду соле, ки дар самти ҳолатҳои фавқулода таҳсил мекунад, одамони зиёд аз ӯ мепурсанд: сӯхторхомӯшкун мешавӣ?

“Ҳатто волидонам бо шӯхӣ мепурсиданд, ки магар сӯхторхомӯшкун мешавам. Ҳарчанд барои таҳсилам мухолиф набуданд”, – мегӯяд Маҳдия.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳдия Саидова бо ҳамкурсону дустонаш

Ӯ ҳамеша ба онҳо шарҳ медиҳад, ки хатмкардаи ин ихтисос метавонад наҷотбахш ё тадқиқотгар бошад. Яъне, хатарҳои эҳтимолӣ, мисли зилзила, обхезӣ, бемориҳои сироятӣ, тӯфон, сӯхтори ҷангал, тағйирёбии иқлимро таҳқиқ кунад ва барои пешгириву коҳиши паёмадҳои он роҳи ҳал пешниҳод намояд.

 

Духтарон дар ин пеша бештар мешаванд

Маҳдия таъкид мекунад, ки миёни шарикдарсонаш духтарон зиёданд ва аксари онҳо бритониёӣ мебошанд. Чун дар ин кишвар фаъолияти бонувон ба ҳайси наҷотбахшу сӯхторхомӯшкун маъмул аст ва теъдоди онҳо меафзояд.

“Аммо ман, тибқи маълумоте, ки аз донишгоҳ бароям ироа карданд, нахустин ва ягона донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон дар ин ришта ҳастам. Ба эҳтимоли зиёд, ягона донишҷӯдухтар аз Осиёи Марказӣ низ мебошам, чун то ин лаҳза ҳеҷ донишҷӯдухтарро аз ин минтақа надидам”, – мегӯяд Маҳдия.

Ӯ зикр мекунад, ки бисёре аз шарикдарсон ва устодонаш дар бораи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маълумоти кофӣ надоранд ва ӯ ҳамеша ба онҳо кишварашро муаррифӣ кунад.

 

Тафовути таҳсил дар Тоҷикистон ва Британияи Кабир

Маҳдия, ки ҳам дар донишгоҳи Тоҷикистон ва ҳам донишгоҳи Британияи Кабир таҳсил кардааст, тафовутро дар муносибату муоширати устоду донишҷӯ дидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Квота барои стипендияи “Дурахшандагон” кам шудааст. Чанд нафар қабул ва чӣ қадар маблағ пардохт мешавад?

Ӯ мегӯяд, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон устод ба таври гурӯҳӣ дарс медиҳад, дар Британияи Кабир ба таври инфиродӣ. Барои устоди бритониёи, ба фарқ аз устоди тоҷикистонӣ, муҳим нест, ки донишҷӯ дар синфхона ҳаст ё не, ӯ чӣ гуна либос пӯшидааст. Барои ӯ муҳим таҳсил аст.

“Агар дар синфхона набудиву имтиҳонро супоридӣ, ҳеҷ мушкиле нест, вале агар ҳамеша дар синфхона будиву имтиҳонро насупоридӣ, “вой бар ҳолат”, – мегӯяд Маҳдия.

Ӯ зикр мекунад, ки донишҷӯи Донишгоҳи Кингстон ҳар рӯз на кам аз 3-4 соат ва дар давраи имтиҳон то 8 соат дарс тайёр мекунад. Як лексия на кам аз якуним то ду соат тӯл мекашад.

“Барои таҳсил дар Донишгоҳи Кингстон дар баробари хоҳиш, меҳнату сабр лозим аст”, – таъкид мекунад Маҳдия.

 

Идрорпулӣ ва кори иловагӣ

Сарфи назар аз сарбории зиёд дар таҳсил, Маҳдия вақти холӣ низ пайдо ва кор мекунад.

“Донишҷӯ дар Британия ҳақ дорад, берун аз соати дарсӣ, то 20 соат дар як ҳафта кор кунад. Ман ҳам ба ҳайси омӯзгори синфи ибтидоӣ кор мекунам. Дар як моҳ то 350 фунт-стерлинг мегирам”, – мегӯяд ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, барномаи “Дурахшандагон” пул барои таҳсил, хобгоҳ,    хароҷоти раводид, бима, чиптаи парвози донишҷӯро дар ду самт пардохт мекунад. Инчунин ҳар моҳ ба донишҷӯ 500 доллари ИМА идрорпулӣ мепардозад. Бар иваз, донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ ба ватан баргашта, барои давлат кор кунад, вагарна бояд пули давлатро баргардонад.

“Бале, давлат барои ҳама хароҷоти ман пул медиҳад ва ман албатта, рӯзе чун мутахассиси хуб баргашта, барои ватанам хидмат мекунам. Аммо кор одамро обутоб медиҳад ва як каме пул кор кардан ҳам, зарар надорад”, – бо лабханд мегӯяд Маҳдия.

 

Аксбардорӣ ва бозгашт ба ватан

Маҳдия мегӯяд, дар вақтҳои холӣ аксбардориро дӯст медорад ва аз дастгоҳи аксбардории модараш барои аксбардории ҳирфаӣ истифода мекунад.

“Акс мисли он аст, ки шумо вақтро бозмедоред ва барои таърих сабт мекунед. Боз агар акси манзараи зебо ё рӯйдоди муҳимро бардоред, хушбахт мешавед ва осоиш пайдо мекунед”, – мегӯяд Маҳдия.

Аммо қаҳрамони мо ҳоло ба сафари муҳим омода мешавад.

“Соли оянда бо шарикдарсонам бояд барои тадқиқи сангҳои наздисоҳилӣ ба Испания сафарбар шавем. Хотирмон хоҳад буд”, – зикр мекунад ӯ.

Баъди хатми донишгоҳ бошад, Маҳдия тасмим дорад ба ватан баргардад ва дар бахши наҷотбахшӣ ва таҳқиқи хатарҳо кор кунад.

“Мехоҳам собит кунам, ки духтари тоҷик на танҳо омӯзгору табиб, балки сӯхторхомӯшкуну наҷотбахш низ метавонад бошад”, – мегӯя Маҳдия.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...