Абдунабӣ Сатторзода: “Гулназар дар шоирӣ ба камоли адабӣ расида буд!”

Date:

Имрӯз Гулназар, Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллӣ, агар умр медошт, 80-солагии худро таҷлил мекард. Ӯ басо ҷавон вориди майдони адабиёт шуд ва бо мурур яке аз барӯмандтарин шуарои тоҷик гардид.

Ба муносибати мавлуди шоир “Азия-Плюс” бо профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси шинохта перомуни зиндагинома ва корномаи Гулназар мусоҳиба орост.

Ба қавли адабиётшинос, Гулназар яке аз тавонотарин шоирони тоҷик аст ва дар шеъри муосири тоҷикӣ, пас аз устод Лоиқ, дувумин нафарест, ки дар гуфтани ғазалу рубоию дубайтӣ тавфиқ ёфтааст.

Сатторзода Гулназарро шоири мунаққид ва мунаққири шоир медонад ва таъкид дорад, ки ҳам ҷанбаи илмию назарӣ ва ҳам ҷанбаи ҳунарии нақдаш қавӣ мебошад. Аммо мегӯяд, ки пайкараи Гулназар, ки ахиран дар зодгоҳаш қомат афрохт, ба ӯ монандӣ надорад: “чунин ба назар мерасад, ки сари азизи шоирро ба тани каси дигаре часпондаанд”.

Мо дар оғози гуфтугӯ аз Абдунабӣ Сатторзода пурсидем, ки бо Гулназар кай ва чӣ тавр ошно шудед ва аз ӯ ҳамчун инсон ва шоир чӣ гуна ёд мекунед?

 

“Гулназар дар одаму одамгарӣ ҳамто надошт”

Донишҷӯйи соли сеюми факултаи филологияи Университети давлатии  Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будам. Гулназар соли 1961 шогирди ҳамин факулта шуд ва ба шарофати яке аз дӯстони устодон Лоиқ, Сорбон ва камина – Ҳоҷӣ Маҳмадраҷаб Шарифзодаи Ярмӣ (он вақт Маҳмадраҷаб Шарифов) дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, ки  шарикдарс ва дӯстони ҷонии ӯ низ буд, ошноӣ пайдо карда будам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдунабӣ Сатторзода

Зиндаёд Гулназар дар дӯстӣ ва одаму одамгарӣ ҳамто надошт. Ҳамчун шоир, тавре ки дар нақде дар бораи ӯ ва шеъраш чаҳор сол пеш аз маргаш навишта будам: “Имрӯз Гулназар яке аз тавонотарин ва барӯмандтарин шоирони тоҷик аст”.  Ҳоло онро бори дигар дар рӯзи ҷашни 80-солагиаш бо камоли масъулият такрор ва тасдиқ менамоям.

 

То камолоти шоирии Гулназар​​​​​​​

– Гулназар ба адабиёти тоҷикӣ чӣ гуна ворид шуд, чӣ мақомеро ба даст овард ва ҳамчун ноқид дар мавриди шеъраш чӣ мегӯед?

Дар тамоми нақдҳое, ки дар бораи шеъри муосири тоҷикӣ то имрӯз навиштаам ва навиштаниям, зикри хайри Гулназар ва шеъраш ҳузур дорад ва хоҳад дошт. Таври дигар низ буданаш номумкин аст. Зеро бе Гулназар ва шеъри ӯ раванди шеъри кунунии тоҷикиро наметавон тасаввур намуд.

Намунаҳои нахустини офаридаҳои ӯ, агарчи аз навиштаҷоти ҳамсафону ҳамдавронаш аз ҳар ҷиҳат бартарӣ доштанд, ғолибан таҳти таъсири шеърҳои Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва дигарон гуфта шудаанд.

Дар онҳо ҳанӯз тасвиру маъниҳои тару тоза, таркибу таъбирҳои шоиронаи нав, байту бандҳои матбӯъ камтар ба назар мерасиданд. Гулназар он вақт дар гуфтани шеър ҳанӯз истиқлол наёфта буд ва бар баёну тасвир тасаллут надошт. Бо ин ҳама, ӯ дар ҳамон даврони шогирдӣ ва машқи шеър карданҳояш низ мисраъ, байту банд, шеърҳои ҷудогона, тасвиру таркибҳои шоиронае эҷод намудааст, ки ҳунармандтарин шоирони он даврон аз доштани онҳо ор намекарданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулназар дар аҳди вакили парлумон будан.

Истиқлоли шоирӣ ва тасаллут бар унсурҳои ҳунари адабӣ ба Гулназар аз охири солҳои 70-ум ва ибтидои 80-уми асри ХХ дар китобҳои “Паҳно” (1981), “Лангар” (1984), “Паи дарё” (1987) ва “Чашми нигин” (1988) муяссар гардидааст. Дар ин давра баёни шоир мушаххас, шевотар, гӯётар, гиротар ва лангардортар гардида, паҳно ва вусъат пайдо мекунад. Машқҳои ӯ дар гуфтани шеъри имрӯзӣ барор мегирад. Таҷрибаҳои ӯ дар гуфтани навъҳои шеъри суннатӣ, аз қабили ғазалу рубоӣ самар меоваранд. Шумори шеърҳои нағзаш оҳиста-оҳиста бештар мегарданд.

Фардои маро чӣ ҳоҷати фарди дигар?

Мардии маро чӣ нисбати марди дигар?

Дар дил ватане дораму ғамҳои ватан,

Валлаҳ, ки намекушад маро дарди дигар!

Камолоти шоирии Гулназар ба солҳои 90-уми асри ХХ ва оғози қарни ХХ1 рост меояд. Дар ин бора китобҳои ӯ “Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст” (1997), “Фариштаи бомдод” (2000), “Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат” (2002) ва “Фасли оғоз” (2005) шаҳодат медиҳанд.

Душанбе тахти Сино шуд, муборак,

Зи нав манзури дунё шуд, муборак.

Агарчанде дилам доғи Бухорост,

Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!

Агар дар асри ХХ нигаҳбонии оташи ҳамеша фурӯзони шеъри форсии тоҷикиро устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Мӯъмини Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир мекарданд, пас аз онҳо ин рисолат ба зиммаи Гулназар афтода буд. Бовар доштам, ки ӯ ин рисолати адабӣ ва миллии хешро бо сарбаландӣ анҷом хоҳад дод. Сад афсӯс, ки аҷал амон надод, ки ӯ ин рисолаташро то ба охир расонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулназар бо Абдунабӣ Сатторзода

Гулназар дувумин нафарест, ки…​​​​​​​

– Эҷодиёти Гулназар аз ҳамсолону ҳамовардонаш чӣ бартарӣ дошт?

Инсоф он аст, ки дар миёни ҳамсолону ҳамовардони зиндаёд Гулназар шоирони нағз буданд ва ҳастанд, вале ҳамчунин инсоф он аст, иқрор бишавем, ки сурудаҳои Гулназар аз навиштаҳои ҳамсолону ҳамовардонаш бартарӣ доштанд ва доранд.

Мутолиаи навиштаҳои Гулназар дар тӯли қариб 50 сол (шеърҳои нахустинаш таърихи 1963-ро доранд) нишон медиҳад, ки ин шоир тамоми умри хешро дар шоирӣ сарфи ҷустуҷӯёи сабку равия, воситаҳои тасвири муносиб барои гуфтани шеъри нағзи дархӯри даврони хеш намудааст. Ӯ қолабҳои шеъри муосир, шеъри нав, шеъри суннатӣ (ғазалу рубоиву дубайтиву қитъа, таркиббанду тарҷеъбанд, мустазод), хусравониҳо, шеъри тасвирӣ, шеъри кӯдакро имтиҳон кардааст ва дар ҳамаи онҳо намунаҳои хубе гуфтааст.

Гулназар дар шеъри муосири тоҷикӣ, пас аз устод Лоиқ, дувумин нафарест, ки дар гуфтани ғазалу рубоию дубайтӣ тавфиқ ёфтааст. Шоир дар шеъру шоирӣ ба сарҳаде расида буд, ки ба гуфтани шеър дар ҳамаи сабку равиш ва навъҳои адабӣ ба ҳадди камолу ҷамол қодир шуда буд.

– Шумо Гулназарро дар сафи онҳое мемонед, ки ҳам шоири ноқид ва ҳам ноқиди шоир ҳастанд. Шарҳ медиҳед?

– Бо камоли майл. Гулназар дар миёни на танҳо шоирони кунунии тоҷик, балки ҳамаи адибони тоҷик касест, ки ӯро метавон бо итминони комил мунаққиди ростини адабиёт гуфт. Танҳо зикри се китоби ӯ – “Лоиқе чун Лоиқе”, “Қутбии қутби сухан” ва “Растохези сухан” басандааст. Нақди Гулназар аз нақди ҳирфаии мо бо он бартарӣ дорад, ки ҳам ҷанбаи илмию назарӣ ва ҳам ҷанбаи ҳунарии он қавӣ мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бо аҳли зиё.

Суруди миллӣ ва баҳсҳои пасони он​​​​​​​

– Гулназар дар навиштани Суруди миллӣ то куҷо муваффақ шуд?

Дар бораи он ки Гулназар дар навиштани Суруди миллӣ муваффақ шудааст, ҳеч ҷойи шаке нест. Ба ёд овардан кофист, ки дар озмуни Суруди миллӣ шоирони бузургамон, аз ҷумла устод Лоиқ, низ иштирок доштанд. Гулназар тавонистааст, ки моҳияти миллӣ ва сиёсии ин навъи шеъриро ба хубӣ дарк намояд ва онро дар қолаби каломи бадеъ моҳирона ва беҳтару муносибтар бозтоб диҳад.

Буданд кӯтаҳназарон ва ҳасудоне, ки матни шоирро наҳ заданӣ шуданд ва матни дигареро пешниҳод карданд, ба баҳонаи он ки як ҷузъи номи Гулназар туркӣ (Келдӣ) буда, муаллифи оҳанг Сулаймон Юдакови яҳудист. Аммо гузашти замон исбот кард, ки ҳеч як матнҳои пешниҳодии он мутаассибон арзиши сурудаи Гулназарро надорад. Баёни арзиши адабӣ ва миллии Суруди миллии Тоҷикистон бар матни шоир мусоҳибаи дигареро тақозо мекунад, то мо онро ба пуррагӣ таҳлил кунем.

– Дар мавриди насри Гулназар чӣ назар доред?

Ҳамагӣ ду рӯз пештар яке аз дӯстон рисолаи нависандаи номии тоҷик  Абдуҳамид Самадов – “Ёди Гулназар” (2024)-ро бароям ҳадя кард. Ба назарам, дар бораи арзиши насри Гулназар то ҳол беҳтар аз вай касе баҳо надодааст. Абдуҳамид Самадов бо камоли масъулият навиштааст: “Дар майдони наср боз як ҳарифи ҷиддӣ пайдо шуд: нозукбину хушбаён” (с.35). Ин баҳо ба насри Гулназар аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ нависандаи тавоно ҳам буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҷассамаи Гулназар дар ноҳияи Айнӣ.

Таҳқиқе мисли ҳайкали берӯҳ​​​​​​​

– Пас гуфта метавонед, ки осори Гулназар то куҷо таҳқиқ ва мавриди баррасии нақди адабӣ қарор гирифтааст?

Пеш аз он ки ба ин саволатон ҷавоб диҳам, бо иҷозати шумо, мехоҳам бигӯям, ки ба Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии кишвар дар маркази ноҳияи Айнӣ гузоштани ҳайкали барқади ӯ нишони қадрдонӣ ва эҳтироми роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия ва мардуми шарифи тоҷик ба шахсият ва шеъри ӯ буда, шоистаи табрик ва таҳният мебошад. Аммо, мутаассифона, ҳайкалтарош, гумони яқин меравад, ки на осори шоирро хондааст ва на ӯро дарк намудааст. Агар вай ба моҳияти навиштаҳо ва шахсияти шоир андаке сарфаҳм мерафт, пайкараи ӯро таври дигаре метарошид. Чунин ба назар мерасад, ки сари азизи шоирро ба тани каси дигаре часпондаанд.

Ба ҳамин монанд, то имрӯз дар бораи ин шоири бузург ва шеъру насраш мақолаву рисолаҳо кам нестанд, вале ғолибан онҳо ҳамон ҳайкали берӯҳ ва номуносиби шоирро ба хотир меоранд.

Шахсияти эҷодӣ ва осори мондагораш сазовори нақду баррасии ҷиддӣ аст. Имони комил дорам, ки чунин нақду таҳқиқ дар рӯзҳои мо ва ояндаи наздик пайдо хоҳанд шуд.

Ёду номи Гулназар, шоири шаҳир ва барӯманди тоҷик гиромӣ бод!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...