Дар тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонсупорӣ беш аз 650 кас донишҷӯ шуданд

Дар тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонсупорӣ аз беш аз 2 ҳазор кас, ки ҳуқуқи иштирок дар онро пайдо карда буданд, беш аз 700 тан ҳуҷҷат супорида, аз ин, 657 нафар донишҷӯ шуданд. Маркази миллии тестӣ (ММТ) рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонро эълон кард. Дар маҷмуъ, дар давраи сеюм, 15 ҳазору 703 довталаб ширкат […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia-Plus

Дар тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонсупорӣ аз беш аз 2 ҳазор кас, ки ҳуқуқи иштирок дар онро пайдо карда буданд, беш аз 700 тан ҳуҷҷат супорида, аз ин, 657 нафар донишҷӯ шуданд.

Маркази миллии тестӣ (ММТ) рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонро эълон кард.

Дар маҷмуъ, дар давраи сеюм, 15 ҳазору 703 довталаб ширкат карда, дар марҳалаи аввал 12 ҳазору 583 тан донишҷӯ шуданд ва 2 ҳазору 147 нафари дигар ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро пайдо карда буданд. Дар давраи такрорӣ танҳо беш аз 700 кас ширкат карда, 657 кас донишҷӯ шуданд.

Манбаъ мегӯяд, шахсоне ки донишҷӯй шуданд, бояд то 9-уми октябр ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои олӣ қабулпешниҳод кунанд, дар акси ҳол, довталаб ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимиро аз даст медиҳад.

“Довталабоне, ки дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрории давраи сеюм ба муассисаҳои олӣ ва миёна  дохил шуда натавонистаанд, дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ иштирок карда метавонанд. Ба тақсимоти такрории иловагӣ танҳо довталабоне ҳуқуқи иштирок доранд, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрории давраи сеюм комёб нашудаанд”, – гуфтанд аз ММТ.

Тақсимоти такрории иловагӣ ва рӯйхати ихтисосҳои ҷойҳои холӣ, пагоҳ, 9-уми октябр эълон мешавад. Кай ва дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шудани довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ, ба рақами мобилӣ ва кабинети инфиродии ӯ паёмак ирсол мешавад.

Тибқи иттилои ММТ дар даври якум ва дуюми бақайдгирии довталабон, барои иштирок дар имтиҳонҳои ММТ 112 ҳазору 947 нафар худро номнавис кардаанд.  Аз ин теъдод, 74 ҳазору 935 сазовори номи донишҷӯ шуданд.

Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.

Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст. Он аз 29-уми октябр шуруъ мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.