Тақсими китоби “Шоҳнома” ба сокинони пойтахт

Тақсими китоби “Шоҳнома” дар Душанбе идома дорад. Ҳоло чаҳор ноҳияи пойтахт ҳудуди 300 ҳазор ҷуфт китоб гирифтаанд, то ба сокинони пойтахт дастрас кунанд. Намояндагони ҳукумати чор ноҳияи Душанбе гуфтанд, ки то ҳол чунин теъдод “Шоҳнома”-ро барои тақсим  ба сокинони пойтахт қабул карданд:  – Исмоили Сомонӣ – 24 522 ҷуфт – Сино – 104 827 ҷуфт  […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Тақсими китоби “Шоҳнома” дар Душанбе идома дорад. Ҳоло чаҳор ноҳияи пойтахт ҳудуди 300 ҳазор ҷуфт китоб гирифтаанд, то ба сокинони пойтахт дастрас кунанд.

Намояндагони ҳукумати чор ноҳияи Душанбе гуфтанд, ки то ҳол чунин теъдод “Шоҳнома”-ро барои тақсим  ба сокинони пойтахт қабул карданд: 

– Исмоили Сомонӣ – 24 522 ҷуфт

– Сино – 104 827 ҷуфт 

– Шоҳмансур – 86 138 ҷуфт 

– Фирдавсӣ – 73 153 ҷуфт  

Рафти тақсими китоби “Шоҳнома” ба сокинони пойтахтро дар гузориши мо бинед:

Бояд гуфт, ки тақдими китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ аз шаҳру навоҳии ВМКБ оғоз шуда, баъди тақсимот дар шаҳру навоҳии тобеи кишвар ҳоло тақдими он ба сокинон дар пойтах идома дорад. То соли 2026 ин китоб ба тамоми аҳолии кишвар дастрас мегардад. Он аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар нашриёти  “Шарқи озод” дар ду ҷилд бо теъдоди 1 млн 700 ҳазор нусха ба нашр расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.