Аз рубли шӯравӣ то “Сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?

Date:

25 сол қабл, 30-юми октябри соли 2000, воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” ба муомилот баромад. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Дар ин мавод аз таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пештар аз даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар истифода мешуданд, ёд меорем.

 

Рубли шуравӣ

Аз ташкили Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 101 сол гузашт. Замоне, ки Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ шомил буд, воҳиди пулии истифодашаванда мисли дигар ҷамоҳири иттиҳод рубли шуравӣ буд. Пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, давоми солҳои 1992-1995 рубли шӯравӣ тадриҷан аз гардиш бароварда шуд ва охирин кишваре, ки аз истифодаи рубли шӯравӣ даст кашид, Тоҷикистон буд. Тоҷикистон то 1-уми январи соли 1994 рубли шуравиро истифода карда, аз ин таърих то 10-уми майи соли 1995 рубли русии соли 1993 ҳамчун воситаи пардохт дар Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Дар баргаҳои мо бубинед, ки дар давраи Иттиҳоди шуравӣ кадом воҳидҳои пулии рубли шуравӣ бо барориши солҳои гуногун истифода мешуданд: 

 

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Пайдоиши рубли тоҷикӣ

10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар рубли тоҷикӣ  ба муомилот бароварда шуд. Тоҷикистон баъд аз ҳама кишварҳои узви ИДМ пули миллии худро баровард, ки дар хотири сокинон ин сана бо номи “пулшиканӣ” ва ё “пулшикаст” сабт шудааст. Рубли тоҷикӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Он то соли 2000 дар тамоми муомилоти пулии кишвар истифода мешуд.

 

“Сомонӣ” 25-сола шуд

30-юми октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар “Сомонӣ” ба муомилот баромад. 26-уми октябри соли 2000 аз ҷониби раисҷумҳури кишвар фармони ин қарор судур шуд. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.

3-юми сентябри соли 2001 бошад Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баровард.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


10-уми сентябри соли 2010 пулҳои нави коғазӣ бо арзиши 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот баромаданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд. Онҳо тангаҳо бо арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон буданд. Ин тангаҳо дар ду шакл аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...