“Хисорот ба қайд гирифта нашудааст”. Мақомоти Тоҷикистон заминларзаи шаби гузаштаро шарҳ доданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоди Тоҷикистон (КҲФ) дар шарҳи заминларзаи шаби гузашта гуфт, ки дар пайи он хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бар асоси маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои кишвар, заминларза дар Тоҷикистон соати 01:29-и рӯзи 3-юми ноябр (ба вақти Душанбе) сабт шудааст. Қувваи заминларза дар марказаш (Афғонистон) 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоди Тоҷикистон (КҲФ) дар шарҳи заминларзаи шаби гузашта гуфт, ки дар пайи он хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бар асоси маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои кишвар, заминларза дар Тоҷикистон соати 01:29-и рӯзи 3-юми ноябр (ба вақти Душанбе) сабт шудааст. Қувваи заминларза дар марказаш (Афғонистон) 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе 4 балл ва дар шаҳри Панҷакент 3 баллро ташкил додааст.

КҲФ мегӯяд, маркази заминҷунбӣ дар 236-километрии ҷанубу-ғарбии шаҳри Душанбе, 80-километрии ҷанубу-ғарбии ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ва 322-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Афғонистон буд.

Бояд гуфт, шаби гузашта – 2-3-юми ноябри соли равон сокинони Тоҷикистон заминларзаи сахтро эҳсос карда, бархеҳо дар Душанбе аз тарс ба кӯчаҳо баромадаанд.

Ин заминларза дар Ӯзбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам эҳсос шудааст. Дар пайи ин ҳодиса, дар Афғонистон беш аз 20 тан ҷон бохта, наздики 200 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо заминларза рух медиҳад, ки бархеи онҳо хисорот ҳам дар пай доранд. Аз ҷумла, бар асари заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда буданд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

КҲФ гуфта буд, ки зарари ин заминҷунбӣ дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, 5639 нафар зарар дида буданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.