Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 ба Риёз мераванд

Чаҳорумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо ширкати варзишгарони 57 кишвар аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 134 нафар шомил шудаанд, ки 69 танашонро варзишгарон ташкил медиҳанд. Шахсони боқимонда аз мураббиён ва коркунони кумитаву федератсияҳои варзишӣ иборатанд. Варзишгарони тоҷик дар шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз […]

Asia-Plus

Чаҳорумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо ширкати варзишгарони 57 кишвар аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 134 нафар шомил шудаанд, ки 69 танашонро варзишгарон ташкил медиҳанд. Шахсони боқимонда аз мураббиён ва коркунони кумитаву федератсияҳои варзишӣ иборатанд.

Варзишгарони тоҷик дар шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 12 намуди варзиш, аз ҷумла, ҷудо, вазнабардорӣ, таэквондо, куштии кураш, камонварӣ, тенниси рӯимиз, муштзанӣ (бокс) ва ришатаҳои паралимпӣ баромад хоҳанд кард.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, ки рӯзи 7-уми ноябр сурат мегирад, Мадина Қурбонзода ва Эмомалӣ Нуралӣ парчамбардорони дастаи мунтахаби Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешаванд ва варзишгаронро аз 57 кишвар муттаҳид мекунанд. Барномаи бозиҳо 13 намуди варзиши олимпӣ, 4 намуди ғайриолимпӣ, 3 намуди паралимпӣ ва як намуди варзиши миллӣ, аз ҷумла пойгаи шутурро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, дар охирин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2022 дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор гардида буд, варзишгарони тоҷик 8 медал – 3 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.