Нашрияи “Lonely Planet” Тоҷикистонро ба феҳрести маконҳои ҷолиб барои сайёҳон шомил кардааст

Нашрияи байналмилалии “Lonely Planet” Тоҷикистонро яке аз кишварҳои мувофиқ барои пиёдагардӣ ва сайёҳат дар муҳити кӯҳсор арзёбӣ карда, кишварро барои сайёҳату кӯҳнавардӣ тавсия додааст. Муаллифони мақола, кишвари моро дар феҳристи “25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026” (Best in Travel 2026) ворид намуда, дар бахши “Пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар табиат” табиати зинда, маконҳои сайёҳӣ, кӯҳҳо […]

Asia-Plus

Нашрияи байналмилалии “Lonely Planet” Тоҷикистонро яке аз кишварҳои мувофиқ барои пиёдагардӣ ва сайёҳат дар муҳити кӯҳсор арзёбӣ карда, кишварро барои сайёҳату кӯҳнавардӣ тавсия додааст.

Муаллифони мақола, кишвари моро дар феҳристи “25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026” (Best in Travel 2026) ворид намуда, дар бахши “Пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар табиат” табиати зинда, маконҳои сайёҳӣ, кӯҳҳо ва шароити табиатгардӣ дар кишварро муаррифӣ карданд.

Нусхаи солонаи маҷалаи “Best in Travel” аз ҷониби “Lonely Planet” яке аз манбаъҳои бонуфузи соҳаи сайёҳии байналмилалӣ мебошад. Коршиносон ва сайёҳони ботаҷриба беҳтарин кишварҳои сайёҳиро интихоб карда, маконҳои табиӣ ва табиати зиндаи онро муаррифӣ мекунанд. Тиражи ин нашрия 6 миллион нусха будааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон қаблан низ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ эътироф шудааст. Соли 2023 Тоҷикистон ба феҳристи “Самтҳои беҳтарини сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ” ва кӯҳҳои Помиру кӯли Искандаркӯл ба рӯйхати “Ҷолибтарин табиат дар масири Осиё” шомил шуданд.

 

Дар 9 моҳ ба Тоҷикистон 1,4 млн сайёҳ омадааст

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2025, тақрибан 1,4 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин 24% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Аз ин шумора 1,258,100 сайёҳ аз кишварҳои ИДМ ва 130,700 сайёҳ аз кишварҳои берун аз ИДМ омадаанд.

 

Инфрасохтори сайёҳӣ

То нимаи аввали сол дар кишвар 182 ширкати сайёҳии ба қайд гирифта шуда, 219 меҳмонхона аз ҷумла 27 меҳмонхонаи чорситорадор ва 162 меҳмонхонаи сеситорадор ба меҳмонон хизмат мерасонданд,

Дар ин соҳа 4046 кас кор мекунанд ва ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пешниҳодшуда 168,2 миллион сомониро ташкил дод.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста барои афзудани шумори сайёҳон ва беҳбудӣ дар хидматрасонӣ кӯшиш мекунанд. Аз ҷумла, дар моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ-2025 баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 200 ширкат аз 20 кишвари саросари дунё ширкат карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.