Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши СММ оид ба рушди иҷтимоӣ дар Давҳа чӣ гуфт ва бо киҳо мулоқот кард?

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши СММ оид ба рушди иҷтимоӣ, ки дирӯз 4-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар гузашт, гуфт, “таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад”.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон, ки 93% қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.

Бо ишора ба ин роҳбари давлат афзудааст, ки “кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд”.

“Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии  кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”, – зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши СММ оид ба рушди иҷтимоӣ дар Давҳа

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш  пешниҳод кардааст, ки Фонди ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ таъсис дода шавад, ки ба кишварҳо дар мубориза бо камбизоатӣ дастгирии амалӣ хоҳад расонд.

 

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар ва раисҷумҳури Покистон

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо  Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Поокистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар мулоқот бо амири Қатар Эмомалӣ Раҳмон “аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар” изҳори қаноат карда, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳиро ба баррасӣ гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон “иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ”-ро муҳим донистааст. 

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Осиф Алӣ Зардорӣ рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карда, барои таҳкими робитаҳо таъсиси Шӯрои муколамаи стратегиро зарур донистааст.

Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

“Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд”, – навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Осиф Алӣ Зардорӣ

Нишасти дуюми СММ дар мавриди рушди иҷтимоӣ, ки 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад, роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ масъалаҳои аз байн бурдани фақр, таъмини кор шоиста, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро баррасӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми ноябр барои ширкат ба ин ҳамоиш бо як сафари корӣ ба Давҳа рафт ва қарор аст, пас аз ширкат дар ин нишаст, бо даъвати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” ба шаҳри Вашингтон равад. Ин ҷаласа рӯзи 6-уми ноябр баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...