Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?

Дар Душанбе рӯзи 5-уми ноябр Рӯзи театри тоҷик, ки расман имрӯз 7-уми ноябр таҷлил мешавад ва 96-солагии таъсиси Театри Лоҳутӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуд. Дар ин ҷашн ҳамзамон бори нахуст намоиши “Ричарди III” аз рӯйи асари Шекспир ба саҳна гузошта шуд. Шоми 5-уми ноябр садои карнаю сурнай фазои атрофи театрро фаро гирифт. Тамошобинон бо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 5-уми ноябр Рӯзи театри тоҷик, ки расман имрӯз 7-уми ноябр таҷлил мешавад ва 96-солагии таъсиси Театри Лоҳутӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуд. Дар ин ҷашн ҳамзамон бори нахуст намоиши “Ричарди III” аз рӯйи асари Шекспир ба саҳна гузошта шуд.

Шоми 5-уми ноябр садои карнаю сурнай фазои атрофи театрро фаро гирифт. Тамошобинон бо ҳаяҷон ва шавқи зиёд аз намоиши ҷолиби ҳунармандони сирк лаззат мебурданд.

Ба  ин муносибат муовинони вазири фарҳанг, роҳбарони театрҳои ҷумҳурӣ, раиси Иттифоқи нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо, шоирону нависандагону рӯзноманигорон ва ҳаводорони санъати театрӣ ҷамъ омаданд. Ин аз камтарин намоишҳои театрӣ буд, ки толор моломоли мухсил шуд.

 

Ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд

Яке аз рӯйдодҳои муҳими рӯз тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ буд.

Ҷои якум ба Ҷумъа Қуддус барои драмаи "Нури Истиқлол", ҷои дуюм ба Абдувадут Файзиев барои драмаи мазҳакавии "Дар орзуи шавҳар" ва ҷои сеюм ба драмаи "Доми ғафлат"-и Нарзулло Шарифов тааллуқ гирифт.

Ҳамчунин, се драмаи дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд: "Нури мино"-и Ато Ҳамдам, "Яке рафту саг ҷакид"-и Шодӣ Солеҳ ва "Муқовимат"-и Абдуғаффори Абдуҷаббор.

 

Аз муҳтавои нахустнамоиши “Ричарди III”

Бахшида ба ин рӯйдод намоиши "Ричарди III" аз рӯи асари Уилям Шекспир бори аввал ба саҳна рафт. Коргардони намоиш Давлат Убайдуллоев аст.

Ин асари драматурги инглисӣ байни солҳои 1592-1594 навишта шудааст ва ба қудрат омадан ва ҳукмронии кӯтоҳи подшоҳи Англия Ричарди III-ро тасвир мекунад. Асар дар замоне қисса дорад, ки дар Англия Ҷанги Гули Сафеду Сурх – низои хунини миёни ду хонадони подшоҳӣ – Йорк ва Ланкастер идома дошт.

Қаҳрамони асосӣ – Ричард шахси зишт, бадрӯй ва кӯзапушт аст. Бо вуҷуди шакли зоҳириаш, ӯ дорои иродаи қавӣ, ҷоҳталабӣ ва истеъдоди сиёсӣ мебошад. Барои расидан ба тахт Ричард ба ҳар кор омода буда, ба як силсила қатлҳо даст мезанад.

Ричард барои ба қудрат расидан шоҳ, ду фарзанди малика, вазир ва ҳатто бародари худашро ба қатл расонд. Ӯ бисёр маккорона соҳиби тоҷи шоҳӣ шуд, вале пас аз он нафарони наздик ба худашро ҳам ба қатл расонд.

Дар кишвар билохира ошӯбҳо оғоз шуданд. Ричмонд барои сарнагун сохтани Ричард лашкар кашид. Аммо дар ин давраи ҳассос касе аз ҳамдастони Ричард дар канораш набуд.

 

Асар нишон медиҳад, ки чӣ тавр талаби қудрат инсонро тағйир медиҳад ва чӣ тавр бархӯрдҳои хонаводагӣ ба фоҷиаи миллӣ мубаддал мегардад. Дар ниҳоят Ричард дар ҷанги Ричмонд кушта шуд ва ҳукмронии хонадони Тюдорҳо оғоз ёфт.

Нақши марказӣ – Ричардро Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони тоҷик иҷро кард. Нақши Ричмондро Абдукарими Машраб, директори Театри Лоҳутӣ ва писари Ибодулло Машрабов бозид.

Инчунин, ҳунармандони шонохтае чун Фирӯз Умаров, Ортиқ Қодир, Исфандиёр Ғуломов, Султонмурод Бобомуродов, Асалбек Назриев, Саодат Азизова, Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, Салоҳиддин Шукуров ва даҳҳо ҳунармандони ҷавон дар ин намоиш нақш офариданд.

“Ричарди III” яке аз асарҳои машҳури Шекспир буда, аз рӯйи он чандин бор филм гирифта шудааст. Соли 1955 коргардон Лоренс Оливе филми машҳуре сохт, ки зиёда аз 10 ҷоизаи обрӯманди байналмилалиро гирифт.

 

 

Дебочае аз таърихи театри тоҷик​​​​​​​​​​​​​​

Ҳамасола дар Тоҷикистон 7-уми ноябр Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад, зеро бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри касбии тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.

Ин театри драмавӣ буд, ки дар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Ба номи устод Лоҳутӣ гузоштани театр низ бесабаб набуд, зеро саҳми мавсуф дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик бузург буд.

Ӯ аввалин адибе буд, ки драмаҳои Шекспирро маҳз барои ба саҳна гузоштан ба забони тоҷикӣ тарҷума кард. Соли 1929 ба театр унвони академӣ ҳам доданд ва кунун Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ном дорад.

Дар солҳои баъдӣ театрҳои касбӣ ва халқӣ дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Ҳоло дар кишвар 18 театри касбӣ фаъолият мекунад ва таърихнигорону фарҳангиён бар ин назаранд, ки барои таъсиси дигар театрҳои касбӣ Театри Лоҳутӣ замина гузошт ва аслан ҳунармандони ин театр барои шакл гирифтани дигар театрҳо саҳми бориз гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи “Парасту”, ки соли 1988 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио