Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Сабти силсилафилми “Хона” бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом идома дорад.   

Мавсими аввали филм аз 10 қисм иборат аст ва филм аз он қисса мекунад, ки  сарфи назар аз ҳоло дар қайди ҳаёт будани падар, се бародар мехоҳанд меросӣ падариро миёни ҳам тақсим кунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки бародари хурдӣ хонаро дар бонк ба гарав гузоштааст.

Онҳоро мебояд аввалан хонаро аз гарав озод кунанд ва сипас байни ҳам тақсим намоянд.  Барои сабти ин филм ҳунармандон аз театри Конибодом ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳури ҷалб карда шудаанд.

Буҷети филм тақрибан 500 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад. Як қисми ин маблағ аз ҳисоби гуруҳи эҷодӣ ва боқимонда аз ҳисоби грант маблағгузорӣ шудааст. 70 фисади наворбародории ин филм дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом аст. Коргардон ва ҳайати эҷодӣ барои сабти ин филм хонаи яке аз сокинони он деҳаро интихоб кардаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Мавсими аввали филми “Хона” дар фасли зимистон ба рӯи экранҳо мебарояд. Инчунин филмро метавон дар кинотеатри онлайнии “Баҳор” ва шабакаи иҷтимоии ютуб низ  тамошо кард.

Гуфта мешавад, ки онро дар телевизионҳои ҷумҳурӣ низ ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.