“Аз меъёр зиёд? Ҷавоб деҳ!”. Муҳоҷирон дар Русия боз аз як ҳуқуқи худ маҳрум шуданд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда ва имкониятҳоро бештар мекунад. Ин қонун дар пойгоҳи расмии иттилооти – ҳуқуқии Русия нашр шудааст. Тағйирот рӯзи 11-уми ноябр аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ (палатаи поёнии парлумони Русия) қабул ва 12-уми ноябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия (балатаи […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда ва имкониятҳоро бештар мекунад. Ин қонун дар пойгоҳи расмии иттилооти – ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Тағйирот рӯзи 11-уми ноябр аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ (палатаи поёнии парлумони Русия) қабул ва 12-уми ноябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия (балатаи болоии парлумони Русия) тасдиқ шуд.

Ин ташаббусро дар Думаи давлатӣ вакилони ҷиноҳи “Одамони нав” (Новые люди) пешниҳод кардаанд, ки ба эътиқоди онҳо, ин ҳавфи ба додгоҳ кашида шудани корфармо аз сӯйи корманди барканоршударо кам мекунад.

Тибқи тартиби нав, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷир бекор кунад, агар теъдоди муҳоҷирон аз меъёри ҷои кори минтақавӣ зиёд бошад. Ин тағйир ба моддаи 327.6-и Кодекси меҳнати Русия ворид шуд ва аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо мекунад.

Ба субъектҳои Русия аз соли 2014 ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳар сол барои ҷалби коргарони хориҷӣ меъёр муқаррар кунанд. Корхонаҳо муваззафанд, ки теъдоди муҳоҷиронро кам кунанд, дар акси ҳол онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои шахсони ҳуқуқӣ аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ва ё ба таври маъмурӣ боздоштани фаъолияташон то ду ҳафта пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, Русия бо қабули қонунҳову муқаррар кардани қоидаҳои зиёд талош дорад фаъолияти муҳоҷиронро дар қаламрави худ танзим кунад. Ин талоши танзими муҳоҷират ва фаъолияти онҳо барои муҳоҷирон мушкилоту монеаҳои зиёдро барои фаъолияти озод пеш овардааст. Аз ҷумла, мақомоти Русия арзиши иҷозаи корро қариб ҳар сол боло мебаранд, фаъолияти муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо манъ ва ё бо баҳонаи ҷурмҳои кӯчак онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.