spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додгоҳ ирсол шудааст, ҳамсараш натавонист мулоқот кунад

Парвандаи журналист ва блогер Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додгоҳ равон шудааст. Дар ин бора ба ҳамсари ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ хабар додаанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, бояд имрӯз бо шавҳараш мулоқот мекард, вале дар боздоштгоҳи мувақцатӣ гуфтаанд, “парвандааш ба додгоҳи ноҳия Шоҳмансур ирсол гардидааст ва барои дидорбинӣ бояд аз ин додгоҳ иҷоза гиред”.

Муборак бори охир 23 июли соли равон бо шавҳараш дар боздоштгоҳ дидорбинӣ карда буд ва мегӯяд, “мақомот бо ҳар баҳона барои мулоқот мушкил эҷод мекунанд”.

“Ҳатто дар рӯзи зодрӯзаш барои мулоқот рафтам, аммо иҷоза надоданд”, – мегӯяд ҳамсари Абдуллоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз талошҳои зиёд, ниҳоят 16 август дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур барои мулоқот бо шавҳараш иҷоза доданд, аммо имрӯз ҳам натавонист Абдуллоҳро бинад.

“Чанде пеш вақте ба боздоштгоҳ хӯрок бурдам, шавҳарам чанд намуд доруро хоҳиш кард, доруҳо барои дарди сар ва гурда. Маълум мешавад, саломатиаш хуб нест. Барои ҳамин сахт нигаронем”, – гуфт Муборак.

Худи Абдуллоҳ ҳам чанд маротиба дархост кардааст, ки бо ҳамсараш вохӯрад ва Муборак мегӯяд, ки шавҳараш шояд паёми муҳиме дорад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Далери Имомалӣ низ аз вазъи саломатии ӯ изҳори нигаронӣ кардаанд. Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки 28 июл бо писараш дар боздоштгоҳ дидор доштааст ва эҳсос кардааст, ки саломатии ӯ хуб нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баъди Далеру Абдуллоҳ, Завқибеку Пирмуҳаммадзода низ боздошт шуданд. “Шикор”-и журналистон чӣ паём дорад?

“Далер сахт дилтанг буд. Гуфт, ки нафастанг шудааст. Аз ман пурсид, ки чаро муфаттиш ба наздаш намеояд”, – гуфтааст модари Далер.

Ҳамчунин, модари Далер гуфтааст, ки дар бораи кай ба анҷом расидани тафтиши парвандаи писараш иттилоъ надорад.

Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далер, гуфт, рӯзи 14-уми август барои мулоқот бо шавҳараш ба назди вакили мудофеъ рафтааст, вале азбаски санадҳо омода набуданд, натавонистааст вориди боздоштгоҳ шавад.

Далери Имомалӣ моҳи июн бо иттиҳоми расонидани хабари дурӯғ ва насупурдани андоз боздошт шуд, аммо баъдтар ӯро барои ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" гумонбар эълон карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...