ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи парчам таҷлил мегардад. Он яке аз идҳои расмии Тоҷикистон буда, 24-уми ноябри соли 2009 бори аввал таҷлил шуд ва ҳар сол 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Парчами Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст.
Соли 1986 – Дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои ТУ-154М аввалин бор фуруд омад.
Соли 1991 – Тақрибан ду моҳ пас аз касби истиқлолияти давлатӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин интихоботи умумихалқӣ доир гардид.
Соли 1992 – Дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шурои Олии Тоҷикистон қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон” ва “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Тоҷикистон”-ро имзо намуд.
Соли 2010 – Дар маркази Душанбе сохтмони сутуни баландтарин Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт. Он 30-юми августи соли 2011 дар пояи 165 метр, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб мешуд, парафшон гардид.
Соли 2023 – Фаррух Ҳасанов, овозхони тоҷик дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни “Ну-ка, все вместе!” (“Биё, ҳама бо ҳам!”)-и шабакаи телевизионии “Россия-1” ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.
Соли 2024 – Ширкати “Барқи тоҷик” бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон (Брешно) барои фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1942 – Мавлуди Сайрам Исоева, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.
Сайрам Исоева аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик буда, хоҳари Марям Исоева, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик аст. Ӯ соли 1964 Донишкадаи давлатии театрию бадеии Тошкандро хатм намуда, ҳамон сол фаъолияти касбии худро дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ оғоз кардааст.
Сайрам Исоева дар ин театр беш аз чор даҳсола чун ҳунарпеша фаъолият намуда, сипас аз соли 2006 ба ҳайси саркоргардон ифои вазифа мекунад.
Нахустин нақши саҳнавии ӯ дар намоишномаи “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ Исоева беш аз 100 нақш офаридааст. Нози дар “Ҷанги тан ба тан”, Робия дар “Суруди нотамом”, Аза дар “Лулидухтар Аза”, Сита дар “Рамаяна”, Мирандолина дар “Соҳиби меҳмонхона”, Сотти дар “Исёни арусон” аз нашқҳои мондагори ӯ дар театр аст.
Ҳамзамон, ӯ коргардонии чандин намоишномаҳоро ба уҳда доштааст, аз ҷумла “Маугли”, “Дӯстӣ”, “Сайр дар соли нав”, “Аруси шаҳрӣ” ва “Исёни арусон”.
Сайрам Исоева дар синамо низ мавқеи устувор дорад. Гулнор дар филми “Духтари сеюм”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”, Зумрад дар “Сирри оила”, Малика дар “Агар дӯст дорӣ”, Малика дар “Кӯи сафед”, Нодира дар “Танҳо миёни мардум” ва Майсара дар “Саргузашти Майсара” аз нақшҳои маъруфи ӯ дар синамо аст.
Соли 1947 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Тоштемиров, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
24-уми ноябри соли 1859 китоби “Пайдоиши намудҳо”-и Чарлз Дарвин ба фурӯш баромад. Китоб дар нашри аввал 1250 нусха чоп шуд ва ҳамон рӯз пурра ба фурӯш рафт.
Ин китоб ба назарияи эволютсияи олами зинда асос гузошт ва илм дар бораи пайдоиш ва рушду тағйири намудҳоро ба сатҳи нав баровард. Назарияи эволютсионӣ баъдтар пояи биологияи муосир гардид ва бо номи “дарвинизм” маълум аст.
24-уми ноябри соли 1974 дар водии дарёи Аваш дар Эфиопия устухонбандии як мавҷуди қадимаи инсонӣ пайдо шуд. Ин кашф яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои палеоантропология ба ҳисоб меравад.
Намуна ба навъи “австралопитеки афарӣ” мансуб дониста шуд. Баъдтар тадқиқотчиён ба он номи “Люси” доданд, ки имрӯз ҳамчун рамзи таҳқиқоти пайдоиши инсоният маълум аст.
“Люси” тақрибан таърихи 3,2 миллион сола дошта, далели муҳим дар таҳқиқи марҳилаҳои ибтидоии ташаккули инсон ва тарзи роҳгардии рост мебошад.
24-уми ноябри соли 1874 ихтироъкори амрикоӣ Ҷозеф Глиден барои симхор патент гирифт. Тарҳи пешниҳодкардаи ӯ қулай, арзон ва истифодабаранда буд, ки ин ихтироъро зуд ба як унсури муҳими хоҷагидорӣ табдил дод.
Дар оғоз симхор асосан барои ҳифзи заминҳои чорводорӣ истифода мешуд. Баъдтар он ба Аврупо роҳ ёфта, дар солҳои 1910-ум дар хоҷагии қишлоқ васеъ ба кор рафт.
Бо густариши роҳҳои оҳан симхор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Дар асри XX он ба як воситаи муҳими низомӣ табдил ёфт. Дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон симхор барои сохтани монеаҳои ҷангӣ васеъ истифода мешуд.
Аввалин мавриди сабти истифодаи он дар низоми зиндонҳо низ дар Амрико ба қайд гирифта шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 10+15º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 21-23º сард, рӯзона -1+4º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 19+21º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 8+10º гарм.


