Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Эрон дар Тоҷикистон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Date:

Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Эрон бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот карда, ҳамчунин, дар машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон шират кард.

Дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 24-уми ноябр дар бинои ВКХ Тоҷикистон сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ шуданд.

“Ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳасана миёни ду кишвари дӯсту бародар изҳори ҳавасмандӣ намуданд”, – навиштааст ВКХ Тоҷикистон.

Пеш аз ин дидор, Маҷид Тахтравончӣ ҳамроҳи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро раҳбарӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин нишаст, ба гуфтаи ВКХ-и Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима гардидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки музокирот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон таъкид намуданд.

Сафорати Эрон дар Душанбе навиштааст, ки дар ин вохӯрӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва таҳаввулоти сатҳи минтақаиву байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, дирӯз Маҷид Тахтравончӣ бо Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар гуфтугӯ кардааст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили мухталифи равобити фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар карданд.

Маҷид Тахтравончӣ, яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ дар Эрон ба ҳисоб меравад. Ӯ моҳи сентябри соли 2024 муовини сиёсии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар таъин шуд. Номбурда қаблан, намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва яке аз музокиракунандагони аршади барномаи ҳастаии Эрон буд. Пеш аз ин, ба ҳайси ёвари вижаи вазири корҳои хориҷӣ, сафири Эрон дар Швейтсария ва Лихтенштейн, мушовири вазири умури хориҷа дар Аврупо, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар Амрико ва Аврупо кор кардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...