Ҷазои 3 ҳазор нафар барои “дуздӣ”-и барқ дар 10 моҳ

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор кас барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ё ба истилоҳ “дуздӣ"-и барқ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. Аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми моҳҳои январ-октябри соли равон аз ҷониби масъулини Шабакаҳои тақсимоти барқ 282 […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор кас барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ё ба истилоҳ “дуздӣ"-и барқ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми моҳҳои январ-октябри соли равон аз ҷониби масъулини Шабакаҳои тақсимоти барқ 282 миллион киловатт- соат изофанависии барқ ба маблағи 94 миллион сомонӣ сурат гирифтааст.

“Дар ин муддат танҳо аз ҷониби Агентӣ (Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика, аз идора), зиёда аз 2 ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ошкор гардид, ки зарари расида 134 миллион киловатт-соат ба маблағи беш аз 158 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар пайи ин 3 ҳазор парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шуда, дар умум ба маблағи 1 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст”, – гуфт намояндаи ин ниҳод.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти дигар, махсусан додситонӣ ҳам қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ошкор ва пешгирӣ карда мешавад.

Тибқи маълумоти ин ниҳод изофанависии нерӯи барқ бештар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ошкор шудааст.

А Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика нагуфтанд, ки зимни санҷиш дар ин давра нисбати истифодабарнадгони барқ чанд парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст,

Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки дар панҷ моҳи соли 2025 зимни санҷиш дар самти истифодаи нерӯи барқ 130 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои дуздии барқ ва ҷаримаи истифодабарандагон дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол он шадидтар шуда, тибқи мушоҳида, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат нерӯи барқ доранд. Мақомот то кунун ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишварро расман эълон накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.