Аз $3 то 6 млрд. Арзиши сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” чӣ гуна боло рафт?

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки соли 2026 маблағгузории бахши энергетика ва сӯзишворӣ аз буҷетро қариб 80% зиёд кунанд. Сухан аз 15 млрд сомонӣ (беш аз 1,6 млрд доллар) меравад, ки 22,4% аз хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Мутахассисон бар ин назаранд, ки қисмати назарраси ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад. Соли […]

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки соли 2026 маблағгузории бахши энергетика ва сӯзишворӣ аз буҷетро қариб 80% зиёд кунанд. Сухан аз 15 млрд сомонӣ (беш аз 1,6 млрд доллар) меравад, ки 22,4% аз хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки қисмати назарраси ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад.

Соли 2008 вақте ки амалисозии лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз шуд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Ҳозир нархи онро 6,2 млрд доллар арзёбӣ мекунанд.

Барои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар бо шумули грантҳо аз Бонки ҷаҳонӣ (650 млн доллар), қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (500 млн доллар), Бонки исломии рушд ва фондҳои арабӣ (450 млн доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 млн доллар) қарордодҳо ба имзо расидаанд. Боз барои дарёфти маблағи 1,7 млрд доллар гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.