Баъди қабули қонун дар бораи санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои Русия, ҳазорҳо кӯдак аз таҳсил дур мондаанд. Бархе муҳоҷирон мегӯянд, дар баъзе аз макотиби манотиқи Русия бо баҳонаи надонистани забони русӣ кӯдаконашонро ба мактаб қабул намекунанд.
Ҳарчанд ин қонунро баъзе мақомдорони Русия интиқод карданд, вале он қабул шуд ва ба қавли муҳоҷирон, мушкилашонро бештар кард. Қонунҳои байналмилалӣ дастрасии кӯдаконро ба таҳсил таъкид мекунад ва коршиносон мегӯянд, муҳоҷирон бояд аз ҳуқуқи худ бо роҳи қонунӣ дифоъ кунанд.
“Наметавонем ба мактаб қабул кунем”
Таҳмина Каримова (ному насаби қаҳрамон бо назардошти амнияти будубоши минбаъдаи ӯ дар Русия иваз шудааст) муҳоҷири тоҷик аст, ки дар шаҳри Калугаи Русия зиндагӣ мекунад ва бо мушкили таҳсили фарзандонаш дар мактаб рӯбарӯ шудааст. Ӯ мегӯяд, ду духтараш имсол бояд ба синфи як мерафтанд, аммо ҳоло аз таҳсил канор мондаанд.
“Ҳамаи хуҷҷатҳоро тибқи феҳристи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда таҳия карда, ба яке аз мактабҳои шаҳр бурдам. Аммо аз мактаб бароям гуфтанд, ки фарзандонатонро наметавонем ба мактаб қабул кунем, чун онҳо забони русиро намедонанд ва ҳам ҷой надорем”, – гуфт қаҳрамони мо.
Ӯ таъкид кард, ки муроҷиати батакрори ӯ ба дигар мактабҳо ҳам бенатиҷа анҷомид ва ҳоло фарзандонаш аз таҳсил дур мондаанд.
Ҷаъфар Иброҳимов (ному насаби қаҳрамон бо назардошти амнияти будубоши минбаъдаи ӯ дар Русия иваз шудааст), муҳоҷири дигари тоҷик ҳам дар вилояти Ленинград натавонистааст додарашро ба таҳсил дар мактаб фаро гирад. Ӯ мегӯяд, ба чанд мактаб муроҷиат кардааст, аммо ба ӯ посухи рад додаанд.
“Ҳатто як директор ошкор гуфт, ки “рӯз аз рӯз сафи шумо (муҳоҷирон дар назар аст) зиёд мешавад ва мо вазифадор нестем, ки ҳамаи шуморо қабул кунем. Бар замми ин, забони русиро дуруст намедонед”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Иброҳимов мегӯяд, маҷбур шуд додарашро ба Тоҷикистон фиристад, то инҷо таҳсил кунад.
Ин ягона ҳолате нест, ки муҳоҷирон барои таҳсили фарзандонашон дар Русия бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.
Баъди қабули қонун дар бораи таҳсили кӯдакони муҳоҷирон дар Русия вазъи фарзандони муҳоҷирон боз ҳам душвор шуд. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025, санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб ҳатмӣ шуд. Акнун ин кӯдакон бидуни дониши кофии забони русӣ ба мактаб қабул карда намешаванд.
Ин қонун аз сӯйи теъдоде аз мудофеъони ҳуқуқи инсон ва ҳатто мансабдорони сатҳи болои Русия интиқод шуд. Аз ҷумла, Рустам Миннихонов, раиси Тотористон ин қонунро танқид кард ва гуфт, ки “Чӣ тавр метавонед кӯдакро ба мактаб роҳ надиҳед? Ӯ дар куҷо бояд бошад? Магар ӯ гунаҳкор аст, ки забонро намедонад? Меомӯзад. Ҳар кӯдак дар се-чор моҳ забонро меомӯзад. Боке нест. Ӯ кӯдак аст ва гунаҳкор нест. Бо онҳо эҳтиёткорона бояд муносибат кард”.
Аммо садои мухолифони ин тасмим шунида нашуд ва қонун қабул шуд.
Тибқи маълумоти Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор), пас аз ҷорӣ шудани қонуни нав дар мавриди санҷиши забондонии кӯдакони муҳоҷирон, тақрибан 12% аз теъдоди хоҳишмандон барои таҳсил иҷоза пайдо кардаанд. Қариб 88 дарсади дигар ё 20 ҳазору 600 кӯдак, аз таҳсил дар макотиби Русия маҳрум шудаанд.
Теъдоди кӯдаконе, ки бо сабаби нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳояшон волидонашон дархост пешниҳод накардаанд, маълум нест. Ва ин эҳтимоли афзоиши теъдоди кӯдаконеро, ки аз таҳсил канор мондаанд, бештар мекунад.
Дифоъ аз ҳуқуқи худ
Маврид ба зикр аст, ки тибқи моддаи 28, Конвенсияи Созмони миллали муттаҳид дар бораи таҳсили кӯдак, давлатҳои аъзои он (Русия низ шомили он аст!) бояд таҳсили бепул ва ҳатмии ибтидоӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумоти олиро барои ҳама, сарфи назар аз нажод, ҷинс ва забон таъмин кунанд.
Ҳамчунин, моддаи 78-и Қонуни федералии Русия “Дар бораи маориф” низ ҳаққи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар баробари шаҳрвандони ин кишварро ба таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва миёна таъин мекунад.
Коршиносони бахши муҳоҷират низ аз таҳсил канор мондани фарзандони муҳоҷиронро мушкили ташвишовар медонанд ва зарур мешуморанд, ки тибқи конвенсияҳои байналмилалӣ ва қонунҳои амалкунандаи Русия, онҳо бояд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.
Шуҳрат Латифӣ, коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, қонунгузории Русия воқеан дар ҳолатҳои мушаххас радди қабул ба мактабро пешбинӣ мекунад, аммо дар воқеият, ҳимоят аз ҳуқуқи худ дар ин кишвар корест душвор.
Ӯ мегӯяд, қонунгузории Русия дар ҳолатҳои зерин иҷоза додааст, ки қабули фарзанди муҳоҷирон ба мактаб рад карда шавад:
– фарқи макони сабтиноми волидон ва фарзанд;
– набудани ҷой дар мактаб;
– пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои талабшаванда (аризаи хаттии волидайн, нусхаи шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи таваллуд (бо тарҷума ба русӣ ва тасдиқ дар нотариус), ҳуҷҷати сабтиноми кӯдак дар маҳалли истиқомат дар қаламрави Русия, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пешина (агар кӯдак ба синфи 2 ва болотар дохил шавад).
– надонистани забони русӣ.
Аммо Латифӣ таъкид мекунад, ки дар сурати набудани ҷой дар мактаб, мақомоти маҳаллии идораи маориф вазифадоранд, ки ба волидон дар ёфтани мактаби дигари наздик ба маҳалли зист, кӯмак расонанд.
Ба қавли ин коршинос, дар сурати риоя шудани талаботи зикршуда волидон бояд аз мактаб санади расмии радди қабулро талаб кунанд, ки дар он сабаби радкунӣ ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
“Агар сабаби радкунӣ ногузаштани “имтиҳон” ё “озмун” ва ё баҳонаи ғайриқонунӣ бошад (ба истиснои лисейҳои расмӣ), волидон бояд бо далели вайрон кардани ҳуқуқи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд”, – гуфт коршинос.
Ӯ таъкид кард, ки агар дар бахши маорифи маҳал ба даъвои онҳо расидагӣ нашуд, пас бояд ба додситонӣ ё додгоҳ шикоят бурд. Ҳамчунин, метавон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат кард. Ва дар ниҳоят, метавон ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бурд.
“Аммо бояд донист, ки дар воқеият, тантанаи адолат ва ё исботи ҳуқуқи худ барои муҳоҷирон дар Русия корест душвор ва бесобиқа аст, вале ғайриимкон нест”, – хулоса кард Латифӣ.
Адами мактаб ё синфи тоҷикӣ ва таҳсили фосилавӣ
Талоши Таҳмина Каримова барои исботи зарурати таҳсили фарзандонаш дар мақомоти маориф шаҳр бенатиҷа анҷомидааст. Ӯ эътироф мекунад, ки ба додситонӣ ё додгоҳ муроҷиат накард, чун бовар надорад, ки мақомоти Русия аз ҳуқуқи ӯ ва фарзандаш ҳимоят мекунад.
Ва ҳоло ӯ дар ҷустуҷӯи роҳи дигар аст, аммо зиёд умеде надорад.
“Ҷустуҷӯи ман барои пайдо кардани мактаб ё ҳадди ақал синфи тоҷикӣ бесамар анҷомид. Дар дигар шаҳрҳо ҳам натавонистам пайдо кунам. То ҷойе, ки маълум шуд, дар Русия умуман синф ё мактаби тоҷикӣ набудааст”, – гуфт Таҳмина.
Бояд зикр кард, ки ду сол пеш аз мақомоти Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки дар Русия мактаб ё синфи тоҷикӣ нест. Бо гузашти ин муддат, ҳеҷ хабаре дар бораи ифтитоҳи мактаб ё синфи тоҷикӣ нашр нашудааст.
Ҳамчунин, мақомоти маорифи Тоҷикистон дарсҳои фосилавӣ роҳандозӣ накардаанд ва барои тоҷикони бурунмарзӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ ва тибқи барномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастрас нест. Сабаби роҳандозӣ нашудани дарсҳои фосилавиро пештар як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм ба маҳдудияти интиқоли барқ ва суръати пасти интернет рабт дода буд. Пас аз ин дигар дар бораи роҳандозии дарсҳои фосилавӣ иттилоъе нашр нашуд.
“Агар чунин дарсҳо мебуд ва расмӣ мебуд, фарзандонам аз таҳсил дур намемонданд. Чун пайдо накардам, маҷбурам онҳоро ба ватан фиристам ё баъди чанд муддати дурӣ аз таҳсил ва такмили забони русӣ, такроран ба ягон мактаби дигар барам”, – мегӯяд Таҳмина.


