Имрӯз, 1 сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз гардид. Имсол зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакони кишвар бори нахуст ба остонаи мактаб пой мегузоранд. Соли 2021 ин рақам 240 ҳазор нафар буд.
Маъмулан рӯзи аввали соли хониш бо “Дарси сулҳ” оғоз ёфт. Гузориши мустақими суханронии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба ин муносибат натанҳо мактабхонҳо, балки донишҷӯён ва омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимӣ низ тамошо карданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 940 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият карда, дар онҳо 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.
Лекин то ҳол мактабҳо ба муаллимон эҳтиёҷ доранд. Имрӯз 544 омӯзгор намерасад, дар ҳоле ки 1 майи соли 2022 ин рақам хеле зиёдтар буд. Ба гуфтаи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, он замон мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ба 3 ҳазору 400 омӯзгор эҳтиёҷ доштанд.