spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фаъолони Қирғизистон зидди сафарҳои ҳунарии ҳунармандони Русия эътироз карданд

Чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯзи 5 сентябр дар назди бинои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон алайҳи консертҳои пешбинишудаи ҳунармандони маъруф аз Русия, аз ҷумла консерти овозхони писандидаи ин кишвар Филипп Киркоров даст ба эътироз заданд. Дар ин бора портали Centralasian.org хабар медиҳад.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ондуруш Тӯхтаносиров (Токтонасиров), рӯзноманигор Замир Осоров, инчуин роҳбари созмони «Борьба за мир» (Мубориза барои сулҳ) Валерий Булашов аз ҷумла гирдиҳамомадагон мебошанд.

“Мо зидди ҷанг ҳастем. Ва зидди ба Қирғизистон омадани сарояндагон аз кишвари таҷовузгар”, – изҳор доштааст Тӯхтаносиров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ондуруш Тӯхтаносиров

Баргузории консерти овозхони Русия Филипп Киркоров дар Бишкек рӯзи 3 ноябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

“Ман террорист нестам ва ҷангро таблиғ намекунам, шаҳрванди қатории фаъоли Қирғизистон мебошам ва ба омадани ҳунармандони Русия муқобилам, ки аз ҷанг дар Украина дастгирӣ мекунанд… Ман зидди даъвати гурӯҳи “Город-312” дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон будам. Чаро маҳз онҳоро даъват карданд? Чаро София Ротаруро даъват накарданд… Даъвати ҳунармандоне, ки ҷангро дастгирӣ мекунанд, чӣ лозим аст. Президенти мо Садир Жапаров изҳор намуд, ки Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол мекунад, ба ин тариқ усули (принсипи) бетарафӣ риоя намешавад…”, – гуфтааст Тӯхтаносиров.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...