Ҷопон барои татбиқи ду лоиҳа дар бахшҳои гумрук ва энергертика ба Тоҷикистон тақрибан 8.8 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст. Созишномаи грантӣ дар остонаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ иштирок дошт, ба имзо расидааст.
Ба иттилои Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), маросими имзои созишномаҳо рӯзи 10-уми декабр дар Вазорати молияи Тоҷикистон дар Душанбе бо иштироки Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имаи Сейдзю сурат гирифтааст.
Тибқисозишномаҳо, Ҷопон барои татбиқи “Лоиҳаи такмил додани таҷҳизот барои нусхабардории мол дар гумруки ноҳияи Спитамен дар масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий” 8,6 миллион доллар ва “Лоиҳаи сохтмони зеристгоҳ барои системаи асосии шабакаи барқ дар Душанбе” (Тарҳи муфассалӣ лоиҳа) 260 ҳазор доллар маблағгузорӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи таҷҳизот барои нусхабардории мол барои беҳтарсозии пайвастагии нақлиётӣ, тақвияти амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ равона шудааст.
Дар доираи “Лоиҳаи зеристгоҳ барои беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар Душанбе” сохтани зеристгоҳи нави 220 кВ ва таъмини устувори барқ дар пойтахти кишвар дар назар аст.
Ба иттилои оҷонсӣ, интизор меравад, ки сохтмон пас аз анҷоми тарҳи муфассали лоиҳа оғоз шавад.
“Ин ду лоиҳа тавассути афзоиши иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ, инчунин эътимоднокии таъминоти барқ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд”, – навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, 19-уми декабри имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар ҳошияи Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" дар Токио бо Акиҳико Танака, президенти Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилаӣ (JICA) мулоқот кард.
Дар доираи ин сафари расмӣ ба Ҷопон, дар маҷмуъ наздики 20 санади нав ба имзо расид.


