Дар Тоҷикистон аз 16 то 19-уми январ ҳаво якбора сард шуда, дар бисёр минтақаҳо бориши барфу борон пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар Душанбе рӯзи 16-уми январ борону барф борида, 17-уми январ барф ва 18-19-уми январ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои 16 ва 17-уми январ эҳтимол аст, борону барф борад ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо тормеғ мефарояд. Рӯзи 18-уми январ асосан бебориш мешавад, аммо ҳаво сард хоҳад буд. Як рӯз баъ – 19-уми январ бориши барфу борон пешгӯӣ мешуавад.
Дар аксар ноҳияиҳои ВМКБ ҳам рӯзҳои 16 то 19-уми январ эҳтимол барфу борон борад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Аз ҷумла, бори охир дар кишвар шабу рӯзи Соли нав барф борида буд.


