Ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи ҳавои сард ва барфу борон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз 16 то 19-уми январ ҳаво якбора сард шуда, дар бисёр минтақаҳо бориши барфу борон пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар Душанбе рӯзи 16-уми январ борону барф борида, 17-уми январ барф ва 18-19-уми январ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои 16 […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 16 то 19-уми январ ҳаво якбора сард шуда, дар бисёр минтақаҳо бориши барфу борон пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Душанбе рӯзи 16-уми январ борону барф борида, 17-уми январ барф ва 18-19-уми январ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои 16 ва 17-уми январ эҳтимол аст, борону барф борад ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо тормеғ мефарояд. Рӯзи 18-уми январ асосан бебориш мешавад, аммо ҳаво сард хоҳад буд. Як рӯз баъ – 19-уми январ бориши барфу борон пешгӯӣ мешуавад.

Дар аксар ноҳияиҳои ВМКБ ҳам рӯзҳои 16 то 19-уми январ эҳтимол барфу борон борад. 

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Аз ҷумла, бори охир дар кишвар шабу рӯзи Соли нав барф борида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.