Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2026

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз тими миллии футзали кишвар дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунад. Бозӣ дар Ҷакарта доир мегардад.

– Тими миллии наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидори дӯстонаи навбатии худро баргузор мекунад. Бозӣ дар шаҳри Дубай доир мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1989 Дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Соли 2002 – Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди созмони террористии "Ал-Қоида" ва ҳаракати "Толибон", ки фаъолияти ҳарду дар Тоҷикистон низ мамнуъ аст, таҳримҳо эълон кард.

Соли 2003 – Рустам Қаландаров, яке аз гумонбарони куштори Сайф Раҳимзод Афардӣ, раиси онвақтаи Кумитаи давлатии телевизион ва радио гунаҳкор дониста шуда, ба қатл маҳкум гардид.

Соли 2015 – Ҷилди сеюми “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2016 – Зиннатулло Исмоилзода, бори аввал раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2020 – Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 10 миллион доллар аз ҳисоби буҷети давлат бахшида шуд.

Соли 2020 – Марҳилаи дуюми фаъолияти истгоҳи тозакунии об ва обтаъминкунии “Хуҷҷора”, ки ба КВД “Обу корези Душанбе” тааллуқ дорад, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Зодрӯзи Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мукаррама Қосимова

Ин донишманди тоҷик, яке аз тарғибгарони омӯзиши алифбои ниёгон буда, солҳо дар ин ришта фаъолият бурд. Бо ибтикори ӯ, Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт. 

Мукаррама Қосимова солҳо узви Комиссияи аттестатсионии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Вай 2-юми октябри соли 2020 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин забоншиноси тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) таҳсили илм карда, солҳо дар ин боргоҳи илм аз муаллим то профессор фаъолият кардааст. Ду навбат, солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултети филологияи ин донишгоҳ буд.

Ӯ дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.

Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ва беш аз 190 асар ва интишороти илмӣ таълиф кардааст.

Соли 1956 – Мавлуди Комила Камолова, нависанда, тарҷумон, доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муқоваи яке аз китобҳои Комила Камолова

Ӯ тарҷумон ва мураттиби “Афсонаҳои халқи тоҷик” буда, ҳамчунин худ як силсила ҳикояҳо барои кӯдакон эҷод кардааст.

Вай дар соҳаи тарҷума саҳми назаррас дорад ва як зумра асарҳои маъруфи гуногунжанрро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба нашр расидаанд. “Ишқ ва шамшер”, “Куруши Кабир”, “Нишони зиндагӣ”, “Барфи охирин”, “Кимиёкаҳ” зумраи тарҷумаҳои ӯ ба забони русианд.

Комила Камолова хатмкардаи факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) аст. Аз соли 1974 ба тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1986-1992 муҳаррир-тарҷумони маҷаллаи “Чашма”, солҳои 1992-1998 мухбири бахши русии рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва мухбири махсуси рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Вазорати мудофиа буд.

Соли 1991 – Зодрӯзи Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик, собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон.

Соли 1958 – Аббос Алиев, аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Алиев

Ӯ солҳо дар институти ховаршиносии Маскав ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ низ фаъолият бурдааст.

Ба навиштаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, ӯ яке аз муборизони зидди пантуркизм буд. Алиев дар даврони вазири маориф буданаш дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон саҳм гузошта, барои таъсиси  якумин маҷаллаи Тоҷикистон – “Дониш ва омӯзгор” ва “Бедории тоҷик” бисёр талош кардааст.

Вай дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат доштааст. Аббос Алиев нахустин профессори тоҷик аст. Ӯ дертар соли 1935 бадарға шуд, ки ба навиштаи худаш дар як мактубе сабабаш “фошу танқиди камбудҳои китоби Файзулло Хоҷаев” будааст.

Соли 1948 баъди озодӣ аз бадарға Тоҷикистонро тарк намуда, то лаҳзаи маргаш дар Қазоқистон зист ва ҳамон ҷо вафот кард.

Соли 1978 – Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони шӯравии тоҷик дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҳир Тоҷибоев аз дасти чап

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.

Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.

Соли 2009 – Баҳром Маннонов, рӯзноманигори собиқадори “Азия-Плюс” дар 62-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳром Маннонов

Ӯ беш аз 9 сол дар Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” кор карда, замоне сармуҳаррири он буд. Ҳарчанд дар равияи тамоман мутафовит аз рӯзноманигорӣ – физика таҳсили илм карда, солҳо дар ин соҳа кор кард, баъди оғози кори журналистӣ зуд дар ин ришта мақом пайдо кард. Маннонов соли 2002 ба “Азия-Плюс” омад ва то рӯзи марг инҷо кор мекард.

Қабл аз ин, директори мактаби миёнаи №2-и шаҳри Канибодом ва солҳои 1995-2002 ёвари роҳбари Шӯрои идораи Ҷамъияти саҳомии “Бодом” буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16-уми январ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Битлз” таҷлил мегардад. Ин сана бо рӯзи ифтитоҳи клуби “The Cavern” дар Ливерпул дар соли 1957 мувофиқ меояд, ки дар он Ҷон Леннон, Пол Маккартни ва Ҷорҷ Харрисон аввалин бор баромад карда буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1963 дар ин рӯз Никита Хрушёв эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогенӣ шудааст. Ин силоҳ дар давраи таниши сиёсӣ байни СССР ва ИМА озмуда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамасола, 16-уми январ дар ИМА ҳамчун Рӯзи озодии дин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз тамоми амрикоиҳо даъват мешавад, ки таърихи кишвари худ ва душвориҳои мубориза барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодиҳои мазҳабиро ба ёд оранд. Ин санаро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар оила, мактабҳо, донишгоҳ ва муассисаҳои дигар ҷашн мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯзи соли 1786 Ассамблеяи Генералии Вирҷиния Оинномаи озодии динии Вирҷинияро қабул кард.

Томас Ҷефферсон асоси ин санади қонунгузориро таҳия намуда буд. Ин қонун ба андозбандии рӯҳониёни маҳаллӣ аз шаҳрвандон хотима дод ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии одамонро барои изҳори эътиқоди динии худ бидуни тарс аз табъиз фароҳам овард. Ин қонун ба ворид кардани тағйирот ба сарқонуни ИМА, ки озодии дин кафолат дода шуд, таъсир расонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии ғизоҳои тунд дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба дӯстдорони таомҳои тунд бахшида шуда, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғизоҳои миллии кишварҳои гуногун, гуногунрангии таомҳо ва нақши қаламфури тунд дар ошпазӣ мебошад.

Дар бисёр кишварҳо дар ин рӯз фестивалҳо, озмунҳои пухтупаз, намоишгоҳҳои таомҳои тунд ва чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор мегарданд. Ғизоҳои тунд на танҳо таъми хос доранд, балки ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли мӯътадили онҳо метавонад мубодилаи моддаҳоро фаъол гардонад ва иштиҳоро беҳтар кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад ва бегоҳирӯзӣ ба барф табдил меёбад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорат паст шуда, то 2+4º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...