Боздошти 8 кас, ки худро “корманди амният муаррифӣ карда”, аз шаҳрвандон маблағ меситонидаанд

Date:

Мақомоти амният аз боздошти 8 кас хабар доданд, ки худро "корманди амният муаррифӣ карда", аз шаҳрвандон бо баҳонаи “озод кардани хешовандашон аз зиндон, таъмини кор дар хориҷа, сохтани билети ҳарбӣ ва ё таҳдиди аз Тоҷикистон ихроҷ кардан” маблағ мегирифтанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)  дар як гузориш, ки телевизиони “Тоҷикистон”, имрӯз, 16-уми январ онро нашр кардааст, гуфт, ҳадафи гумонбарон ба даст овардани маблағ буд. 

Дар гузориш аз гумонбарон, Илҳом Амонқулови, Фазлиддин Мирзоеви, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов, Маҳмадулло Саидов, Фатҳиддин Давлатов, Ёқуб Бозоров ва Ҳусейн Муродов ном бурда мешавад.

КДАМ мегӯяд, аз ҷумла Илҳом Амонқулов аз Муҳаббатхон Маҷидова, як сокини пойтахт бо ваъдаи озод кардани ҳамсараш Алишер Маҷидов, ки бо ҷурми ҳамбастагӣ бо иттиҳодияи “Салафия” боздошт шудааст, дар ду ҳолат 240 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гумонбар дар гузориши мақомот ба кори кардааш иқрор шуда, мегӯяд, “бо ваъдаи дар амният шинос доштан, ин занро фиреб додааст”. Вале таҳти чӣ шароит сабт шудани навор маълум нест.

Ҳамчунин, дар гузориш зикр мешавад, ки Фазлиддин Мирзоев худро корманди КДАМ муаррифӣ карда, "аз бародарон Маҳмадалӣ ва Амоналӣ Баротовҳо барои озод кардани бародарашон Мирзоалӣ, ки 5 сол зиндонӣ шудааст, 50 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ин ниҳод гуфт, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов ва Маҳмадулло Саидов дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат Отифа Аҳмадӣ ва Маъсума Аҳмадӣ, шаҳрвандони Афғонистонро бо баҳонаи ба фурудгоҳи Душанбе расонидан ба мошинашон савор карда, “сипас дар роҳ худро корманди мақомот муаррифӣ карда бо таҳдиди ихроҷ кардан аз Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоии онҳоро аз худ кардаанд”.

Яке аз гумонбарон дар гузориш гуфтааст, ки “аз духтарони афғонистонӣ 25 ҳазор сомонӣ ва ду овезаю гарданбанди тиллоӣ гирифтем ва байни худ тақсим кардем”.

Назари паноҳандаҳои афғонистонӣ дар пайванд ба ин қазия маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, ки дар мавриди дигар Фатҳиддин Давлатов аз як сокини пойтахт бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин кардани ӯ дар Олмон 30 ҳазору 500 сомонӣ ситонида ба манфиати худ истифода бурдааст. 

Инчунин, Ёқуб Бозоров, ки қаблан се маротиба ба мӯҳлати 8 сол зиндонӣ шудааст, худро “корманди баландрутбаи мақомоти амнияти миллӣ” муаррифӣ карда аз сокинон бо ваъдаи аз иҷрои ҷазо озод кардани  хешовандонашон маблағ гирифтааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки Ҳусейн Муродов худро корманди мақоми қудратӣ муаррифӣ карда, аз як сокини 23-солаи шаҳри Исфара бо ваъдаи гирифтани билети ҳарбӣ 86 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ман ба Аббосхон Ҳоҷиев як билети ҳарбии қалбакӣ сохта додам ва гуфтам, ки агар ягон мушкилӣ шавад занг зан ҳал мекунам”,-гуфтааст боздошшуда.

Ҳамаи гумонбарон дар гузиориш ба гуноҳҳои худ иқрор мешаванд, вале маълум нест, ки ин навори онҳо таҳти чӣ шароит сабт шудааст. Ҳамчунин, назари боздоштшудаҳо ва ҷабрдидаҳо дар пайванд ба ин гузориш маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати гумонбарон бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда ифтитоҳ шуда тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ, дар ҳолатҳои гуногун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

КДАМ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти ин гумонбарон фиреб хӯрда бошанд, бо рақамҳои 221-37-37 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...