Ҷон бохтани як духтари чорсола дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт

Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст додааст. Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба "Азия-плюс" хабар дод. Ин ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух дода, дар пайи он, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст додааст. Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба "Азия-плюс" хабар дод.

Ин ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух дода, дар пайи он, Анорҷони Муллобоқӣ, сокини 28-солаи ин деҳа бо писари 6-сола ва духтари 4-солааш заҳролуд шудаву аз ҳуш рафтаанд.

Ҳарсеи онҳо ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта, дар он ҷо духтарчаи чорсола вафот кардааст. Модар бо писари хурдсолаш рухсат шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар вилояти Суғд дар соли 2026 аст. Соли гузашта, ба қавли Ҳамдамов, дар ҳудуди ин вилоят чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд. 

Аз ҷумла, моҳи гузашта дар ноҳияи Рашт як зану шаҳвари 18 ва 25-сола дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон дода буданд. Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. 

Дар бораи тавсияҳои КҲФ ҳангоми заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар маводи мо шинос шавед: “Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.