КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард

Дар Рашт як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надоданд. Қаблан, Радиои Озодӣ дар такя ба як манбаи худ аз ҳукумати Рашт гуфта буд, ҳодиса шаби 5 ба 6-и декабр дар  деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи […]

Asia-Plus

Дар Рашт як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надоданд.

Қаблан, Радиои Озодӣ дар такя ба як манбаи худ аз ҳукумати Рашт гуфта буд, ҳодиса шаби 5 ба 6-и декабр дар  деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.

Ба навиштаи ин расона, оилаи мазкур ду моҳ пеш хонадор шуда, домод 25 ва зан 18 сол доштанд.

“Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”, – навиштааст ин расона бо такя ба манбааш.

Ному насаби ҳалокшудагон ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд. 

Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. Айнан чунин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳристон ҳам рух дода буд, ки 2 кӯдак ҷони худро аз даст дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.