Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ҳамаи онҳо аъзои як оила будаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки ҳодиса  соати 05:30 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ҳамаи онҳо аъзои як оила будаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки ҳодиса  соати 05:30 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дода, баъди заҳролудшавӣ 4 кӯдак аз ҳуш рафтанд.

“Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”,-гуфтааст КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари дигар, ки ҳоло дар бемористон ҳолашон вазнин аст, писари 14-сола ва духтари 10-сола мебошанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки “огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд”.

КҲФ бо изҳори  ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки “ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд”.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.

Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисданд. Ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.