Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шудааст. Дар анҷумани навбатии ҲХД, ки имрӯз,  18-уми декабр, гузашт ҳамаи муоинони раиси ҲХД нав шуданд. Абдураҳмон Хонзода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо “раъйи ҳамаи вакилони ҷамъомада Эмомалӣ Раҳмон, дигарбора раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шудааст. Дар анҷумани навбатии ҲХД, ки имрӯз,  18-уми декабр, гузашт ҳамаи муоинони раиси ҲХД нав шуданд.

Абдураҳмон Хонзода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо “раъйи ҳамаи вакилони ҷамъомада Эмомалӣ Раҳмон, дигарбора раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд”.

Аммо муовинони Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ ҳамагӣ нав шудаанд.

Аз ҷумла, Маликшо Неъматзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафири Тоҷикистон дар Олмон ва раиси шаҳри Норак ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якум интихоб гардидааст.

Мирзоқосим Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд.

Абдураҳмон Хонов гуфт, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон 8 масъала баррасӣ гардидааст.

“Аз ҷумла дар анҷуман гузориши панҷсолаи фаъолияти ҳизб, интихоби раиси анҷуман ва аъзои нави кумитаи иҷроияи марказӣ, пешбарии 28 нафар аз рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба номзадиии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ гардид. Инчунин оинномаи ҳизб дар тағйири нав қабул шуд ва ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда тасдиқи худро ёфтанд”, – гуфт Абдураҳмон Хонов.

Номбурда афзуд, ки баъди итмоми анҷуман дар ҳамон замон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор шудааст, ки ду масъала баррасӣ гардидааст.

“Якум масъала ин аз ҳайяти Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб интихоб кардани 27 нафар ба раёсати ин кумита ва дуввум интихоби муовинони раиси ҲХДТ буданд”, – гуфт Абдураҳмон Хонов.

Бояд гуфт, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои сераъзои Тоҷикистон аст ва дар парлумони кишвар ҳам фраксияи худро дорад. Аъзои ин ҳизби ҳоким аксаран дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва амалан нерӯи муассиртарин сиёсӣ дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.