Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад

Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир, ки рӯзи 15-уми декабр мошинашон ба дарёи Фон сарозер шуда буд, идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) мегӯяд, мошинро рӯзи 17-уми декабр аз умқи дарё берун оварданд, вале дар он ҷасадҳо набуданд. Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии рӯзи 17-уми декабр соати 12:40  дар километри […]

Asia-Plus

Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир, ки рӯзи 15-уми декабр мошинашон ба дарёи Фон сарозер шуда буд, идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) мегӯяд, мошинро рӯзи 17-уми декабр аз умқи дарё берун оварданд, вале дар он ҷасадҳо набуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии рӯзи 17-уми декабр соати 12:40  дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи Оби-Куҷ, деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ мошине, ки ба ронанда Гулов Абдуфотил Файзиевич, сокини ин ноҳия тааллуқ дошт, аз дохили дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.

КҲФ гуфтааст, ки ин мошин рӯзи 15 –уми декабри соли 2024, соати 15:30 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумарғ ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум дучори садама шуда, аз баландии тақрибан 150-200 метр ба дарёи Фон сарозер шуд.

“Ғайр аз ронана дар дохили мошин ду нафари дигар, бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ба иттилои КҲФ корҳои кофтуковӣ дар мавзеи мазкур идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.