Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Хадамоти матбуотии президенти кишвар навишт, ки аз ҷумла, муовини якуми сардори “Мададгори мудофиа”, чанде аз сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, инчунин […]

Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар навишт, ки аз ҷумла, муовини якуми сардори “Мададгори мудофиа”, чанде аз сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, инчунин Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ нав шуданд.

Ҳамчунин, дар чанде аз раёсату шуъбащои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур “кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд”.

Ба иттилои манбаъ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон ҳам нав шудаанд.

Хадамоти матбуотии президент, номи онҳое, ки дар ин ниҳодҳо вазифа гирифтанд ва аз мансаб озод шуданд, ошкор накардааст.

Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни  суҳбат бо кадрҳои навтаъин, “ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти  идорашавандаи фосилавӣ ва риояи қонунияту оинномаҳои соҳавӣ” таъкид кард.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки “муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад”.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад. Аз ҷумла чанде пеш, се муовини вазири корҳои хориҷӣ, додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Аз ин пештар як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд раёсати ин ниҳод дар дастгоҳи марказӣ, инчунин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру навоҳӣ нав шуда буданд.

Дар аввали сол, раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ду муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.