Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд – 2021-2025”-ро гуфтанд

Мақомоти Тоҷикистон аз омилҳои ном бурданд, ки дар як давраи панҷсолаи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар дар солҳои 2021-2025 монеа шудаанд. Дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, ки Вазорати иқтисод ва савдои кишвар 10-уми январ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “бо вуҷуди дастовардҳои ноилгардида дар барномаи пешина (аз соли 2021-2025) то ҳол имкониятҳои истифоданашуда ва […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон аз омилҳои ном бурданд, ки дар як давраи панҷсолаи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар дар солҳои 2021-2025 монеа шудаанд.

Дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, ки Вазорати иқтисод ва савдои кишвар 10-уми январ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “бо вуҷуди дастовардҳои ноилгардида дар барномаи пешина (аз соли 2021-2025) то ҳол имкониятҳои истифоданашуда ва монеаҳои маъмурӣ барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мавҷуд мебошанд”.

Дар гузориш аз монеаҳо ба таври мисол, аз “норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, нокифоя будани маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳо, мушкилоти суръат ва фарогирии интернет, ҷараёни сусти рақамигардонӣ ва истифодаи маҳдуди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, норасогии инфрасохтори муосири авиатсионӣ, куҳнаю фарсуда гардидани як қисми инфрасохтори ирригатсионӣ” ном бурда шудааст.

Инчунин, дар гузориш чанд мушкили асосии дигар “мутобиқ набудани сифати таҳсилот ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ба талаботи замон, норасоии мутахассисони баландихтисос, инчунин сатҳи пасти ҳамгироии илм ва истеҳсолот” зикр гардидааст.

Дар санад зикр мешавад, ки дар замони иҷрои "Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025" истифода нашудани имкониятҳои мавҷудаи кишвар, ба мисоли сатҳи нокифояи коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пахта, алюминий, маъданҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои ашёи хом боиси нигаронӣ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки дар "Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2030" ин камбудиҳоро бартараф намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" қабул шуд.

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ гуфта мешавад. Ин санад аз се барномаи миёнамуҳлат (солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030) иборат аст.

Мувофиқи стратегия Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба амнияти энергетикӣ расад, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳида, ба кишвари транзитӣ табдил ёбад, аҳолиро бо ғизои хушсифат таъмин кунад ва ба кишвари саноатӣ табдил ёфта, ба аҳолӣ шуғли пурмаҳсул фароҳам орад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.