Дар ин матлаб андешаҳои Нигина Амонқулова, овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон дар бораи арзишҳои барояш муҳим гирдоварӣ шудааст, ки замоне гуфтааст.
“Ҳангоме якбора машҳур мешавӣ ва нигоҳҳои зиёд сӯи туст, вақте пулдор мешавӣ, хоҳ-нохоҳ, дар одам тағйирот дида мешавад. Лекин ман то ҳол ҳам ҳамон Нигинаи пешинаам. Ҳунар бароям як тӯҳфаи Илоҳист ва кӯшиш мекунам мағрур набошам”.
“То ҳанӯз бо ҳамсинфону дугонаҳои даврони кӯдакиям суҳбат мекунам, хонаашон меравам, дар маъракаҳояшон хидмат мекунам. Мумкин аст, диду назарам, андешаҳоям тағйир ёфта бошанд, вале худам – не”.
“Мардум шояд фикр кунанд, ки ман ба ҳама тӯйҳо пулакӣ меравам. Не. Дар тӯйҳои онҳое, ки шароит надоранд, вале мухлиси асил ҳастанд, ройгон хизмат мекунам”.
“Таъсири ҳунарманд ба ҷомеа зиёд аст. Чунки ба ӯ бештар таваҷҷуҳ намуда, сурудҳояшро гӯш мекунанд, ба либоспӯшиаш аҳамият дода, пайравӣ менамоянд. Аз ин рӯ, ҳунармандон бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, чунки ҷомеаро аз паи худ мебаранд”.
“Либоспӯшии ҳунармандон, овозхонҳо, чеҳраҳои шинохта бояд аз шариат берун набошад, чунки духтарчаҳои ҷавон, махсусан, мактабхон, ба онҳо таасуб ва пайравӣ мекунанд”.
“Бандаи дӯстдоштаи Худованд ҳастам. Зани хушбахтам, шавҳари хуб дорам. Ду фарзанди дӯстрӯяк дорам ва шукр мекунам, ки дар ҳамин оила ва дар ҳамин кишвар ба дунё омадаам”.
“Ҳунарманд будан масъулияти бузург аст. Барои бонуи тоҷике, ки роҳи санъатро интихоб намуда, онро дӯст медорад ва бо ин пеша зиндагиашро пеш мебарад, масъулиятро низ ба душ гирифтан лозим меояд. Ҳама баромадҳоям аз сидқи дил иҷро шудаанд ва аз суруд хондан лаззат мебарам”.
“Ҳар як шахсро зарур аст болои худаш кор кунад, бихонад, чизи навро биомӯзад. Хондану дониш омӯхтан аст, ки инсон ба муваффақият ноил мегардад. Шахс агар ба пеш ҳаракат накунад, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳад расид”.
“Одамизод ҳар рӯз бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Ва табиати инсон чунин аст, ки давоми рӯз дар бораи ҳамон мушкил, агар ҳатто кӯчак ҳам бошад, мудом фикр мекунад. Бояд ба мушкилот бо диди хуб нигоҳ карда, фикри мусбат кунем”.
“Як дустам чанд сол пеш ба ман гуфта буд: “Зиндагиро ин қадар мушкил нагир ва барои худат мушкилӣ насоз”. Ҳамон 90 дарсади инсонҳо, ки дар зиндагӣ рӯҳан ва ҷисман азоб мекашанд, зиндагиро худ барояшон душвор кардаанд. Чун ин мушкилиҳоро нигоҳи мо, афкори мо ба он ҳад душвор нишон додааст ва дар тасаввури худ бузург кардаем”.
“Дар зиндагӣ ҳама чиз аз маблағ вобаста нест. Дар авлавият меҳрубонӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигарӣ меистад. Аммо мутаасифона, имрӯзҳо ин меҳрубониву ҳамбастагӣ миёни инсонҳо камранг шудааст”.
“Аз давраи кӯдакӣ либоси атласу адрас пушиданро дӯст медорам. Дар муддате ки ҳамчун ҳунарманд рӯйи саҳна омадам, наздики 800 намуд либоси миллиро ба бар кардам. Дар аввалин баромадам низ либоси миллӣ пушида будам. Маро бо ҳамин тарзи (стили) либоспушӣ шинохтанду дӯст доштанд. То дар саҳна ҳастам, пушидани либоси атласу адрасро бас намекунам”.
“Дар зиндагӣ дастоварди беҳтарини ман оила аст. Албатта, барои ноил шудан ба касбият ва шахсият шудан бисёр заҳмат лозим шуд, аммо он қадар заҳмате, ки ман барои устувории оила кашидам, бе ҳадду канор аст. Барои ҳамааш шукр мегӯям”.
“Муҳаббат он аст, ки бо гузашти солҳо тавониста бошӣ ишқ, меҳр, якдигарфаҳмиро аз даст надиҳӣ”.
“Дар шоу-бизнеси тоҷик хуб мешавад, агар ҳунармандон барои беҳбудиву рушди санъати тоҷик боз ҳам иттифоқ бошанд, бо якдигар дӯст бошанд, якҷоя сари лоиҳаҳо кор карда тавонанд”.
“Солҳои аввале, ки ман ба саҳна омадам, бисёр мешунидам, ки як ҳунарманд нисбати ҳунарманди дигар ҳисси бадбинӣ дорад. Рӯзе омад, ки сухани ноҷои як ҳунармандро нисбати худ шунидам. Он замон нав ба дунёи ҳунар ворид шуда будам ва фикр мекардам, ҳама чиз дар кори мо шаффоф асту ҳама ҳунармандон инсонҳои хубанд. Ҳар сухани нохуб ё ноҷо бароям таъсири бад мегузошт, то дер ба худ омада наметавонистам. Устод Ҷурабек Муродов як гапи хубе доранд: “Як ҳунарманди асил ҳеҷ гоҳ ҳунарманди дигареро паст намезанад ва нисбати ӯ кори нохубе намекунад”. Барои ҳамин, он нафаронеро, ки гап бурда мерасонданд, аз наздам дур кардам”.
“Муваффақиятам дар он аст, ки байни ҳунармандон дӯстони кам дорам. Аз давраҳои пеш дӯстоне дорам, ки ҳаёт онҳоро озмуда обутоб додааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ҳама ҳолат онҳо дар бари ман меистанд ва дастгириям мекунанд. Инҳо дӯстони ҳақиқанд”.
“Замони ҳозира давраи интихоб аст. Худат интихоб мекунӣ бо кӣ шишту бархост кунӣ, бо кӣ сӯҳбат кунӣ, ба сухани кӣ гӯш диҳӣ ва бо кӣ дӯстӣ кунӣ”.
“Ба ақидаи ман, мусиқии тоҷик бо ҳамон имкониятҳое, ки дорад, бисёр пеш рафтааст. Сурудҳои тоҷикиро дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳо гӯш мекунанд ва дӯст медоранд. Аммо бояд боз ҳам бештар кӯшиш кунем, ки санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муррифӣ намоем”.
“Консерти охирини худро дар шаҳри Душанбе соли 2016 баргузор намуда будам. Ба назари ман, ҷодаи ташкили консерт дар кишвар нисбати солҳои пеш хеле ақиб мондааст. Сабабаш дар он аст, ки худи ҳунармандон нисбати баргузории консерт бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд: сурудҳоро бо истифодаи фонограмма (ғайризинда) мехонанд, ба консерт бе омодагӣ меоянд. Мардум низ аз ин ҳолат дилсард шудаанд. Бубинед, дар шаҳри Хуҷанд консертҳо чӣ гуна баргузор мешаванд. Қариб ҳар рӯз дар он ҷо консерт аст, чун мардум талаб мекунад ҳунарманд сурудро бо овози зинда хонад, тамошобини худро эҳтиром намояд. Дар баъзе ҳолат ҳатто чипта харидорӣ намудан ғайриимкон аст, чун зуд тамом мешавад”.
“Орзу дорам рӯзе фаро расад, ки зиндагии ҳунарманд танҳо аз гузаронидани тӯю маъракаҳо вобаста набошад. Аз ҳунарнамоӣ, намоҳангҳо, сафарҳои ҳунарӣ, баргузории консертҳо даромад ба даст биёрад. Фикр мекунам ба ҳамаи ин орзуҳо мерасем, чун ҳастанд мардуме, ки ба шунидани суруди асил ниёз доранд ва ба қадри он мерасанд”.


