ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд ва мансабдорон дар назди хабарнигорон аз фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд. Дар рӯзи аввали нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мегардад:
Дар Вазорати фарҳанг соати 08:00, дар Кумитаи телевизион ва радио соати 09:00, Агентии хизмати давлатӣ соати 10:00, Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 14:00, дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва дар Донишгоҳи техникӣ соати 08:00.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1963 – Фурудгоҳи нави "Душанбе" ба кор оғоз кард.
Соли 2004 – Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.
Соли 2011 – Ҳукумати Тоҷикистон барои издивоҷ бо хориҷиён маҳдудият ҷорӣ кард.
Соли 2015 – Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ “Соли оила” эълон карда шавад.
Соли 2016 – Ҳукумат ширкати “Тоҷик Эйр”-ро аз Фурудгоҳи пойтахт ҷудо карда, онро ба феҳристи корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёт ворид кард.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 2019 – Рустами Эмомалӣ. раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард, ки тибқи он ҳамаи кормандоне, ки дар бозорҳо, марказҳои савдо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, мағозаҳо ва нуқтаҳои хӯроки ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли моликият, бояд бо либоси ягонаи корӣ таъмин бошанд.
Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад, вале хоҳиш кард, ки дар бораи пӯшидани ниқоб фаромӯш накунанд. Ҳамчунин, вай супориш дод, ки деҳқонон аз пардохти андози заминӣ барои як сол озод карда шаванд.
Соли 2023 – Дар Тоҷикистон фаъолияти ТҶ "Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон", ки пештар ба шаҳрвандон кумаки ҳуқуқии ройгон мерасонд, қатъ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Рӯзи таваллуд ва даргузашти Наримон Бақозода, шоири бачагонаи тоҷик.
Наримон Бақозода барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои “Гулдара”, “Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо”, “Сурнайчӣ”, “Оши ҳалол”, “Чӣ хуш аст?”, “Дафтари мо – кони панҷ” ва ғайра фароҳам омадаанд.
Ҳамчунин ӯ муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик “Хонаи заргӯшбибӣ” ва драмаҳои “Бузаки ҷингилапо”, “Бахтатро бедор кун” аст.
Ӯ хатмкардаи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, чанд муддат дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ва сипас мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти “Ирфон” буд. Баъдан дар вазифаҳои сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии “Тоҷикфилм”, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография, котиби масъули маҷаллаи “Машъал”, муовини аввали раиси Кумитаи Тоҷикистонии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистонии Хазинаи сулҳ кор кардааст.
Вай аз охири солҳои 1960 ба навиштани ашъор барои кӯдакон ва мақолоти мухталиф дар бораи адабиёт ва фарҳанг дар рӯзномаҳои Тоҷикистон оғоз кард. Ин шоири маъруф, ки бештари мардуми Тоҷикистон ӯро аз кудакӣ бо хондани ашъораш дар китобҳои дарсӣ мешиносанд, аз оғози фаъолияти адабии худ ба мавзуи кӯдакон алоқа дошт.
Китобҳои “Сайри боғи даҳ адад” ва “Алифбои дилкушо” аз охирин осори Наримон Бақозода ҳастанд, ки ахиран дар дастраси хонандагон шуданд.
Ӯ 26-уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.
Соли 1973 – Зодрӯзи Ҷасур Халилов, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи “Авесто”.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2008 омӯзгори кафедраи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов аст. Ӯ намояндаи насли ҷавонтарини композиторони Тоҷикистон аст.
Соли 1995 – Рустами Қосим, овозхони тоҷик дар 25-солагӣ даргузашт.
Рустами Қосим дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт ва сурудҳои халқӣ ва тӯёна иҷро мекард. Ин буд, ки халқ ӯро “Рустамча” мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомӯхт.
Ӯ 26-уми январи соли 1995 дар Душанбе ҳангоми хобаш ба қатл расонида шуд. Сабаби марг ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол маълум нест.
Соли 2018 – Султон Наврӯзов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ даргузашт.
Ӯ солҳои 1968–1976 – муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафа, солҳои 1976–1988 – мудири кафедраи атеизми илмӣ ва солҳои 1988–2011 – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2011 то охирин нафас ба ҳайси профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштанд.
Наврӯзов муаллифи 29 монографияву рисола ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ буда, таҳқиқоти илмиаш ӯ ба масоили қобилияти инсонӣ робита дорад. Аз ҷумлаи намоёнтарин ҷустуҷӯҳои илмии Султон Наврӯзов рисолаи доктории ӯ «Қобилияти инсон (ҷанбаи иҷтимоӣ – фалсафӣ)» мебошад, ки дифои он дар Маскав соли 1992 сурат гирифт. Файласуфони номии рус ба самараи таҳқиқоти ӯ баҳои баланд дода, вобаста ба натиҷагириҳои беназираш сазовори унвони доктори илмҳои фалсафа донистанд. Маҳз дар мавзӯи қобилияти инсон профессор Султон Наврӯзов 4 ҷилд китоби пурмазмун ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ иншо намудааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола, 26 январ дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гумрук таҷлил мешавад.
Дар ҳамин рӯзи соли 1953 дар Брюссел нахустин иҷлосияи Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ баргузор шуд, ки соли 1994 номи кунунии худ – Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифт. Пас аз 30 сол, соли 1983, ин рӯз ҳамчун ҷашни ҳамасолаи Рӯзи байналмилалии гумрук интихоб шуд. Дар ҳоли ҳозир, Созмони ҷаҳонии гумрук 185 кишварро дар узвияташ дорад, ки беш аз 98% тамоми тиҷорати байналмилалиро идора мекунанд.
Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти экологӣ таҷлил мешавад. Эъломияи Стокҳолм, ки соли 1972 дар Конфронси СММ оид ба проблемаҳои экологӣ қабул шуда буд, такони асосии рушди маърифати экологӣ маҳсуб мешавад. Дар конфронс бори нахуст консепсияи рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар эъломия 26 принсипи ҳифзи муҳити зист номбар шудааст, ки то имрӯз риоя мешаванд.
Ҳадафҳои асосии Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти муҳити зист нишон додани аҳамияти таълими экологӣ ҳамчун як фанни илмӣ аст, ки ҷанбаи иҷтимоии мушкилоти экологиро таъкид мекунад ва ба рушди огоҳӣ, дониш, малака ва ҳавасмандии зарурӣ барои ҳал ва пешгирии ин мушкилот нигаронида шудааст.
26 январи соли 1924 Петроград ба Ленинград ивази ном кард. Баъди вафоти Ленин карор дода шуд, ки ба Петроград исми Ленинград дода шавад. Шаҳр ба номи таърихиаш – Санкт-Петербург соли 1991 баргашт.
Соли 1905 дар ҳамин рӯз дар Африқои Ҷанубӣ бузургтарин алмоси ҷаҳон истихроҷ карда шуд. Дар кони “Премер” бузургтарин алмос дар таърихи инсон кашф карданд, ки вазнаш 621,2 грамм буд.
Он ба шарафи кашфкунанда ва соҳиби кон, Томас Куллинан “Куллинан” номида шуд. Соли 1907 ин санг ҳамчун тӯҳфа ба шоҳи Англия Эдвард VII чун аломати оштӣ пас аз ҷанги Бур тақдим карда шуд. Ҳоло арзиши аслии “Куллинан” ба арзиши 94 тонна тилло баробар аст.
26 январи соли 1500 аврупоиҳо бори аввал ба хоки Бразилия қадам гузоштанд. Муваффақияти кашфкунандаи ҳудудҳои ба Бразилияи муосир мансуб ба Висенте Янес Пинзон, баҳрнавард, сайёҳ ва конкистадори испанӣ тааллуқ дорад.
Висенте Янес Пинзон солҳои 1492-1493 дар экспедитсияи якуми Кристофер Колумб ба ҷаҳони нав иштирок карда буд. Соли 1499 ӯ ба саёҳати мустақил, ба соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ баромад. Киштии ӯ ба тӯфон дучор шуд ва 26 январи соли 1500 дар соҳили давлати муосири Бразилия – Пернамбуко ба поён расид.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят рӯзона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 7-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона -1+1º мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


