Муҳоҷирону ҳамватанони бурунмарзӣ бо қариб 400 млн сомонӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохтаанд

Date:

Дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 388 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ба мисли майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд шудааст.

Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси нави Кумитаи рушди маҳал имрӯз, 27-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки иншооти мазкур давоми соли 2025 сохта ва ба истифода дода шудаанд.

“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншоот бо маблағи 388 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ба шумули ин иншооти ҷамъиятиву иқтисодӣ – майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешаванд. Бунёду мумфарш кардани роҳҳо ҳам дар ин ҳисоб дохил мешаванд”, – гуфт Муминзод.

Камолиддин Муминзод таъкид кард, ки иншооти мазкур на фақат бо маблағи муҳоҷирон, балки бо сармоягузории тоҷикистониҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, аллакай сорҳибкоранд, ё душаҳрвандӣ доранд, бунёд шудаанд.

Раиси Кумитаи рушди маҳал афзуд, ки иншооти мазкур дар доираи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар бунёд шудаанд.

Қаблан, Шарифҷон Ҷумъазода, раиси акнун собиқи ин кумита гуфта буд, ки давоми солҳои истиқлол дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 500 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот бунёд шудаанд.

Шарифҷон Ҷумъазода барои мисол аз Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ном бурда буд, ки падараш тоҷик ва зодаи шаҳри Ҳисор аст ва то кунун дар Тоҷикистон чанд иншоот бунёд кардааст.

Бояд гуфт, ки чандин сол боз муҳоҷирони тоҷик ташаббус нишон дода, маблағ ҷамъ карда, дар зодгоҳҳои худашон дабистону мактаб ва дигар иншооти ҷамъиятӣ месозанд ё роҳҳоро мумфарш мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камолиддин Муминзод

 

“Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”

Саҳми назарраси муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар дар ҳоле, ки нақши онҳо аз сӯйи бархе мансабдорон ва расонаҳои давлатӣ ба таври шоиста зикр намешавад.

Соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки корманди телевизион аз як мансабдори маҳаллӣ талаб мекунад, то мафҳуми “муҳоҷирони меҳнатӣ”-ро дар робита ба ободии маҳал зикр накунад. Ин навор ҳамон вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Он мансабдори маҳаллӣ вақти мусоҳиба додан номи чанд нафарро ба забон оварда, зикр мекард: “…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”. Дар ин ҷо корманди телевизион сухани ӯро бурида, мегуфт: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”.

Дар идома корманди телевизион машварат медод, ки ба ҷои калимаи “муҳоҷирон” ӯ “фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа” гӯяд.

Он замон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони тоҷик аз ин шеваи бархӯрд ибрози нигаронӣ карда, гуфта буданд, чунин ба назар мерасад, ки дар Ватан низ муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳошия ронда шудаву саҳми онҳо ба таври бояду шояд таъкид намешавад.

 

Махфидории омори муҳоҷирон ва маблағи ирсолкардаи онҳо

Маврид ба зикр аст, ки омори муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун дақиқ гуфта намешавад, вале ҳар сол садҳо ҳазор ва тибқи маълумоти мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ба ин кишвар мераванд ва бар ивази кори сангин ва таъқибу таҳқири мақомоти рус миллиардҳо сомонӣ ба Ватан ирсол мекунанд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол боз аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад. Гузашта аз ин, миқдори маблағи ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик ҳар сол аз сӯйи созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ошкор мешавад.

Бо ин вуҷуд, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, маблағи ирсолмекардаи муҳоҷироти тоҷик дар марҳилаҳои гуногун ҳудуди 40 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...