Беш аз 500 млн сомонӣ. Пуле, ки муҳоҷирон ва тоҷикони бурунмарзӣ барои бунёди иншоот дар Тоҷикистон харҷ кардаанд

Дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 500 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот, ба мисли боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва толорҳои варзишӣ бунёд шудаанд. Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳал имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки иншооти мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд. “Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 272 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 500 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот, ба мисли боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва толорҳои варзишӣ бунёд шудаанд.

Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳал имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки иншооти мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд.

“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот бо маблағи 536 миллиону 843 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ҳамашон иншооти ҷамъиятӣ ҳастанд, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхонаву сартарошхона ва толорҳои варзишӣ, ки сокинон аз онҳо истифода мебаранд”, – гуфт Ҷумъазода.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон дар кишвар боз 127 иншооти дигар бо маблағи беш аз 336 миллион сомонӣ аз ҳисоби “ҳамватанони бурунмарзӣ” сохта мешавад.

Раиси Кумитаи рушди маҳал афзуд, ки иншооти мазкур дар доираи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар бунёд мегарданд.

Шарифҷон Ҷумъазода ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” перомуни шарҳи ибораи “ҳамватанони бурунмарзӣ” гуфт, “онҳо фақат муҳоҷирони меҳнатӣ нестанд, зодагони Тоҷикистон ҳастанд, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд ва дар он ҷо будубош мекунанд”.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ аз Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ном бурд, ки падараш тоҷик ва зодаи шаҳри Ҳисор аст ва то кунун дар Тоҷикистон чанд иншоот бунёд кардааст.

Бояд гуфт, ки чандин сол боз муҳоҷирони тоҷик ташаббус нишон дода, маблағ ҷамъ кард, дар зодгоҳҳои худашон дабистону мактаб ва дигар иншооти ҷамъиятӣ месозанд ё роҳҳоро мумфарш мекунанд.

 

“Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”

Саҳми назарраси муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар дар ҳоле, ки нақши онҳо аз сӯйи бархе мансабдорон ва расонаҳои давлатӣ ба таври шоиста зикр намегардад.

Соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки корманди телевизион аз як мансабдори маҳаллӣ талаб мекунад, то мафҳуми “муҳоҷирони меҳнатӣ”-ро дар робита ба ободии маҳал зикр накунад. Ин навор ҳамон вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Он мансабдори маҳаллӣ ҳини мусоҳиба додан номи чанд нафарро ба забон оварда, зикр мекард: “…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”. Дар ин ҷо корманди телевизион сухани ӯро бурида, мегуфт: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”.

Дар идома корманди телевизион машварат медод, ки ба ҷои калимаи “муҳоҷирон” ӯ “фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа” гӯяд.

Он замон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони тоҷик аз ин шеваи бархӯрд ибрози нигаронӣ карда, гуфта буданд, чунин ба назар мерасад, ки дар Ватан низ муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳошия ронда шудаву саҳми онҳо ба таври бояду шояд таъкид намешавад.

 

Махфидории омори муҳоҷирон ва маблағи ирсолкардаи онҳо​​​​​​​

Маврид ба зикр аст, ки омори муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун дақиқ гуфта намешавад, вале ҳар сол садҳо ҳазор ва тибқи маълумоти мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ба ин кишвар мераванд ва бар ивази кори сангин ва таъқибу таҳқири мақомоти рус миллиардҳо сомонӣ ба Ватан ирсол мекунанд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол боз аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад. Гузашта аз ин, миқдори маблағи ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик ҳар сол аз сӯйи созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ошкор мешавад.

Бо ин вуҷуд, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, маблағи ирсолмекардаи муҳоҷироти тоҷик дар марҳилаҳои гуногун ҳудуди 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.