Дар Русия мехоҳанд, додани шаҳрвандӣ ба шахсони дорои доғи судиро манъ кунанд

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузории Русия, як ниҳоди ҳамоҳангкунандаи фаъолияти девони вазирон ва парлумон дар робита ба беҳтар кардани сифати лоиҳаҳои қонунҳо дар ин кишвар  аст, ташаббус дар бораи манъи додани шаҳрвандии Русия, Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист ба хориҷиёне, ки доғи додгоҳӣ (суди) доранд, дастгирӣ кардааст. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҷаласаи ин комиссия навиштааст, ки тибқи лоиҳа, […]

Asia-Plus

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузории Русия, як ниҳоди ҳамоҳангкунандаи фаъолияти девони вазирон ва парлумон дар робита ба беҳтар кардани сифати лоиҳаҳои қонунҳо дар ин кишвар  аст, ташаббус дар бораи манъи додани шаҳрвандии Русия, Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист ба хориҷиёне, ки доғи додгоҳӣ (суди) доранд, дастгирӣ кардааст.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҷаласаи ин комиссия навиштааст, ки тибқи лоиҳа, ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид карда мешавад.

"Доштани доғи додгоҳии бекорнашуда ё ҷазояш адонашуда барои содир кардани ҷиноят ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз ҳудуди он, сарфи назар аз шакли айбдорӣ, барои рад кардани қабул ба шаҳрвандӣ ва додани Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист асос шуда метавонад", – омадааст дар лоиҳа.

Манбаъ менависад, ки ин тасмим ба ҳуҷҷатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонун дода шудааст, дахл нахоҳад кард.

Комиссияи ҳукуматӣ, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни ҷудогонаро дастгирӣ кардааст, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор мешаванд, ки маълумотнома (справка) дар бораи доштани доғи судиро ба ВКД Русия пешниҳод кунанд.

"Шаҳрванди хориҷӣ бояд тасдиқ кунад, ки нисбати ӯ дар хориҷи кишвар ё Русия парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор надорад. Сухан дар бораи он меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвари хориҷӣ на дертар аз се моҳ то пешниҳоди ариза барои дарёфти Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист ё шаҳрвандии Русия маълумтнома дода шуда бошад", – навиштааст манбаъ.

Кӯдакони аз 14-сола поён аз пешниҳоди чунин маълумотнома озод мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11-уми августи соли гузашта дар Русия қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки дар он асосҳо барои маҳрум кардани хориҷиён аз шаҳрвандӣ васеъ карда шудаанд.

Ба рӯйхат зиёда аз 80 асос, аз ҷумла куштор, зӯроварии марбут ба ҳиссиёти шаҳвонӣ, даъват ба терроризм, дахолат ба зерсохтори муҳиму калидӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, кумак ба рақиб, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ва роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дохил мешаванд.

Гуфтан зарур аст, ки тайи се соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер