Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ба сокинони Тоҷикистон вируси нави “Nipah” таҳдид намекунад ва дар пайи он тақвияти чораҳои иловагӣ лозим нест.
Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки манбаи табиии паҳншавии ин вирус, ки баъзе намудҳои куршабпараки тропикӣ аст, дар кишвар вуҷуд надорад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, “дар фасли зимистон хатари интиқоли вирус аз ҳайвонот ба инсон ба таври назаррас коҳиш меёбад.
“Сабти ҳолатҳои беморӣ дар ду-се моҳи охир дар байни аҳолии Ҳиндустон, ки беш аз 1 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва дар масофаи ҷуғрофии дур ҷойгир аст, барои Тоҷикистон таҳдиди эпидемиологӣ надорад", – илова карданд аз Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ гуфт, ки ҳоло дар гузаргоҳҳои марзии кишвар системаи назорати санитарӣ-эпидемиологӣ амал мекунад ва маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла шарбатҳо, аз ҷониби мақомоти ваколатдор санҷида мешаванд.
Дар моҳи январи имсол дар иёлати Бенгалияи Ғарбии Ҳиндустон хуруҷи як вируси маҳаллӣ сабт шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳамаи беморон кормандони беморхона мебошанд, ки эҳтимолӣ вирус дар дохили он паҳн шуда бошад.
Ду тани сироятёфтаҳо дар шӯъбаи эҳё, дар ҳолати вазнин қарор дошта, як тани дигар дар ҳоли беҳушӣ аст. Ҳолати беморони дигар ба эътидол омадааст.
Ҳудуди 100 нафари дигар ба карантин фаро гирифта шуда, 30 нафари онҳо таҳти назорати шадиди тиббӣ қарор доранд.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кардааст, ки зидди вируси “Nipah” ваксина ё доруи махсус вуҷуд надорад.
Нишонаҳои бемории ин вирус гуногун аст, аз ҷумла аз намуди беаломат то сирояти шадиди роҳи нафас. Давраи ниҳонии беморӣ аз 4 то 45 рӯз давом мекунад.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал дар беморон таби баланд, дарди сар ва мушакҳо, қайкунӣ ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад. Сипас чархзании сар, хоболудӣ ва дигар нишонаҳо пайдо мешаванд.


