Аз ҳалли норасоии омӯзгору камбуди китоби дарсӣ то таҳсили 40 хонанда дар як синф. Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф боз чиҳо гуфтанд?

Date:

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон “пурра бартараф шуда”, соли гузашта беш аз 5 ҳазор омӯзгор зиёдтар дар мактабҳо ба кор оғоз кардаанд. Бо вуҷуди ин, дар мактабҳои кишвар қариб 700 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегуфтаанд.

Дар ин бора Равшан Каримзода, муовини вазири маориф рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳоло дар мактабҳои кишвар 697 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегӯянд”.

“Савол шуд, ки омӯзгорон зиёда аз ду фанро дарс медиҳанд. Бубинед, ки баъзе омӯзгорон донишгоҳро ҳамчун омӯзгори фанни физика ва математика хатм кардаанд ва метавонанд аз ду фан дарс диҳанд, ё таърих, ҳуқуқшинос, ё забону адабиёт. Имрӯз мо дар ҷумҳурӣ норасоии кадрӣ надорем. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 16 ҳазорашон барои нигоҳубини фарзандонашон дар мураххасӣ қарор доранд”,-гуфт  муовини вазири маориф.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар соли таҳсили 2025-2026-ум 9 ҳазору 178 омӯзгор дар мактабҳо ба кор қабул шудаанд. Ин теъдод нисбат ба соли 2024-ум 5 ҳазору 384 тан зиёд будааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Омӯзгор” гуфтааст, ки “ба андешаи ман, якбора беш аз 5 ҳазор зиёд шудани омӯзгорон дар муассисаҳо низ маҳз аз зиёд шудани маблағгузории соҳа, хусусан, музди маош мебошад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода

Соли гузашта дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҳоло мактабҳои кишвар ба 3 ҳазору 848 омӯзгор эҳтиёҷ доранд. Ҳарчанд, ҳамон сол 3 ҳазору 168 хатмкунандаи ихтисоси омӯзгорӣ ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо сафарбар шудаанд.

“Худи ҳамин сол муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 17 ҳазору 200 нафар хатм кардаанд. Барои мо ҳамагӣ 3,5 ҳазор даркор, яъне худи ҳозир низ  100% таъмин кардан мумкин аст”,-таъкид карда буд раисҷумҳур.

Бояд гуфт, норасоии омӯзгорон дар мактабҳои борҳо аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Як таҳлили се соли пеш нишон дода буд, ки маоши пасттаринро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ омӯзгорони Тоҷикистон мегиранд. Мутахасисон ягона роҳи ҳалли мушкили норасоии омӯзгорро дар баланд бардоштани музди маоши онҳо рабт медиҳанд.

 

“Норасоии китобҳои дарсӣ низ имсол пурра бартараф мешавад”

Раҳим Саидзода гуфт, ки соли гузашта 95 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 6 миллиону 316 ҳазор нусха нашр шуда ба анбори китобҳои вазорат ворид шудааст. Ӯ гуфт, ки то кунун вазорат 8 миллиону 681 ҳазору 310 нусха китоби дарсиро ба нашр расонида, дастраси мактабҳои кишвар кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар таърихи давраи истиқлолият аввалин маротиба аст, ки ин шумораро таъмин карда тавонистем. Бештари ин китобҳо тавассути ноширони дохили кишвар чоп шуданд. Қариб дар бештари муассисаҳо бо китоби дарсӣ таъмин шуданд”,-гуфт вазири маориф.

Вазири маориф аз дастури раисҷумҳури кишвар дар соли 2024-ум дар хусуси пурра таъмин кардани мактабҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ дар муддати ду сол гуфт, ки “соли гузашта дастрасӣ бо китоби дарсиро ба 94% росонидем ва имсол мактабҳо ба пуррагӣ бо китоб таъмин карда мешаванд”.

Норасоии китоби дарсӣ низ борҳо аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар интиқод шудааст. Раисҷумҳур камбуди китоби дарсиро мушкили ташвишовари соҳаи маориф хонда, гуфта буд, ки боиси паст шудани сифати таҳсил мешавад.

 

“Ҳатто дар гимназия 40 нафар дар як синф мехонад”

Раҳим Саидзода дар посух ба далели пешниҳодкардаи рӯзноманигор дар бораи дар Гимназияи рақами 1-и пойтахт дар як синф ба таҳсил фаро гирифтани 40 хонанда, норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳои кишварро тасдиқ карда, иброз дошт, ки ин вазъ “ба сифати таҳсил таъсир мерасонад”.

“Дар ҳолате ки шумораи хонанда зиёд шуд, махсусан дар гимназияҳо, ки ба муассисаҳои типпи нав дохил мешаванд, дар онҷо вақте шумора зиёд шуд, албатта ба сифати таҳсил таъсир мерасонад. Дар ин самт корбарӣ кунед, дастуру супоришро иҷро кунед, вақти иҷозатгирӣ вобаста ба ҷойи нишаст пешниҳод кунед. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, инро риоя кунед, ин вазифаи ҷонии шумо аст”,- гуфт Саидзода дар муроҷиат ба зердасташ.

Масъулини Вазорати маориф мегӯянд, талабот ба литсею гимназияҳо рӯз аз рӯз афзудааст, ки боиси норасоии ҷойи нишаст дар ин гуна муассисаҳо шудааст.

Бояд гуфт, ки норасоии мактаб, мизу курсӣ ва синфхонаҳои таълимӣ аз мушкили дигарест, ки солҳост дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мавҷуд аст.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, дар соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 209 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 49 ҳазору 534 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар мактабҳои кишвар ҳудуди 2 миллиону 462  хазор хонанда таҳсил мекунанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025-ум 105 хазор хонанда зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...