“Гузоштани номҳои “дуқабата” манъ нест”. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тартиби гузоштани ном ба фарзандонро шарҳ дод

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, гузоштани номҳои ба истилоҳ “дуқабата” ё “сеқабата”, яъне номҳое, ки аз ду ва зиёда реша иборатанд, манъ нашудааст. Ӯ таъкид кард, ки танҳо гузоштани номҳои гӯшхарош, номҳое, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллии мо мувофиқ набуда, арзишҳои миллатҳои дигарро […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, гузоштани номҳои ба истилоҳ “дуқабата” ё “сеқабата”, яъне номҳое, ки аз ду ва зиёда реша иборатанд, манъ нашудааст. Ӯ таъкид кард, ки танҳо гузоштани номҳои гӯшхарош, номҳое, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллии мо мувофиқ набуда, арзишҳои миллатҳои дигарро таблиғ мекунанд, манъ шудааст.

Раиси Кумита гуфт, дар робита ба интихоби номҳои тоҷикона бо ширкати 35 донишманди тоҷик 6 дафъа ҷаласа доир ва ин масъала ба баҳс кашида шудааст.

Ӯ ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба шикояти сокинон аз рад шудани номҳои пешниҳодкардаи сокинон аз ҷониби идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гуфт, “касе гузоштани номҳои ду ва ё сеқабатаро инкор накардааст”.

Раҳматуллозода барои таъкиди иддаояш чанд номеро намуна овард, ки аз ду ё зиёда решаҳо таркиб ёфтаанд.

“Фақат бо калимаи “гул” 97 ном пешниҳод шудааст. Яъне “гул” худаш танҳо набуда, бо калимаҳои дигар пайваст шудааст, яъне дуқабата аст ҳатман. Бо калимаи “дил” бошад 34 номи духтарона пешниҳод шудааст”, – тавзеҳ дод ӯ.

Бо ҳамин тартиб, ӯ чанд калимаеро ном бурд, ки бо истифодаи онҳо ва иловаи решаи дигар номҳои зиёде дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, ба қавли ӯ, бо калимаи “ориё” 15 ном, бо калимаи “пок” 19 ном,  “озар” 22 ном, “беҳ” 16 ном, “моҳ” 40 ва “маҳ” 31 ном ва бо калимаи меҳр 27 ном дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ дарҷ шуда, интихоби онҳо озод аст.

 

Раҳматуллозода дубора таъкид кард, ки дар сурати тарғиби номҳои ғайритоҷикӣ, кумита “сахтгирӣ” мекунад.

“Номгузории одамон яке аз масоили мубрам аст. Мо талош дорем, ки мардуми мо бо номҳои миллии худамон дар тамоми дунё сафар кунанд, бо номҳои миллии худамон шиноснома дошта бошанд ва зиндагӣ кунанд. Чаро бо номҳои дигар миллатҳо фахр кунем?! На, мо бо номҳои миллии худ бояд ифтихор кунем,” –  шиква кард ӯ.

 

Чаро “хор”-у “санг”-у “теша”-ю “табар” аз насаби мардум берун карда мешавад?

Раҳбари Кумитаи забон ба суоли хабарнигорон дар робита ба берун кардани “санг, табар, теша” барин калимаҳо аз насаби шаҳрвандон, ки авлодӣ аст, гуфт, Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ба ин иҷоза намедиҳад ва Қонун дар бораи САҲШ ин низомро танзим кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, доштани номи ҳасана ҳаққи конститутсионии ҳар як тифл аст ва набояд ҳуқуқи ӯ поймол шавад.

“Масалан, модар 18 писар таваллуд мекунад, бо сабабҳои гуногун мефавтад ва бо нияти он ки тифл мунҷавиз монад, санг ва ё хор. Чуноне ки насаби ман низ Хоркашев буд ва бобоям “Хор” буд. Лекин тифли навзод чӣ гуноҳ дорад, ки ҳаққи конститутсионии ӯро поймол мекунему номи гӯшхарош ва нодуруст мемонем”, – масал зад ӯ.

Бояд гуфт, масъалаи номгузорӣ ба кӯдакон солҳои охир, махсусан баъди танзими номгузорӣ зиёд баҳс мешавад. Сокинон иддао мекунанд, ки бо вуҷуди тоҷикона ва ба арзишҳои миллӣ созгор будани номҳое, ки пешниҳод мекунанд,  идораи САҲШ ба далели дуқабата буданашон онҳоро рад мекунанд.

Раиси кумита ин иддаоро инкор кард, аммо меъёри муайян намудан дар иҷоза будан ва ё набудани кадом номи ду ва зиёда реша дошта гуфта нашуд ва пешниҳод гардид, ки ба китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.