Дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Дар ин бора аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – "ekhizmat.tj" метавонанд ба даст оранд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷорӣ шудани ин хидматрасонӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба мақомоти дахлдор наомада, дар муҳлати то 1 дақиқа ҳуҷҷатро дарёфт кунанд. Масъулин ҳадаф аз ин иқдомро, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, шаффофият ва самароварии хидматрасониҳои давлатӣ мегӯянд.
Барои ин, шаҳрванд бояд дар Пойгоҳи "ekhizmat.tj" сабтином кунад ва аз шиносоии ҳувият (идентификатсия) гузарад. Сипас, хидматрасониро дар пойгоҳ пайдо карда, маълумоти лозимаро ворид ва арзиши онро пардохт кунад. Нархи иҷозатнома вобаста ба соли барориши мошинҳо муайян карда мешавад. Раванди шиносоии ҳувият дар ин навори мо нишон дода шудааст.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2010 сиёҳ кардани шишаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро “ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ” марбут медонистанд.
Аммо баъдан, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, сиёҳ кардани шишаи мошин иҷоза шуд, аммо муқаррар шуд, ки пули аз ин ҳисоб воридшуда, барои сохтмони НБО “Роғун” равона шавад.
Ҳамакнун, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 барои соли 2026 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазору 70 сомонӣ пардохт мекунанд.
Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 6 ҳазору 552 сомонӣ пардохт мекунанд.


