Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод

0
5
Додгоҳ 222

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду соли охир ягон ҳукми сафед содир накардаанд. Танҳо соли гузашта аз тарафи додгоҳҳои кишвар 16 парванда нисбати 21 нафар барои тафтишоти иловагӣ гардонида шудааст, аммо ба делели ҷой доштани ҷиноят дар кирдорашон нисбати онҳо ҳукми сафед бароварда нашудааст.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби содир нашудани ҳукми сафедро ба риояи қонунгузории Тоҷикистон дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз рӯйи ваколати худ амал кардани онҳо рабт дод.

“Тафтиши ҳар як парванда тибқи талаботи Кодекси мурофиавии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешавад ва онҳо дар доираи ваколатҳои худ кӯшиш мекунанд ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд. Додгоҳҳо баррасӣ карданд ва диданд, ки дар ҳақиқат дар ҳаракати ҳамон шахсон ҷиноят ҷой дорад, барои ҳамин ҳукми сафед бароварда намешавад”,-таъкид кард Мирзозода.

Тибқи иттилои ӯ, соли гузашта аз сӯйи додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 парванда нисбати 21 нафар ба тафтишоти иловагӣ гардонида шудааст.

“Лекин вақте асос барои ҳукми сафед нест баъзе парвандаҳо… нигоҳ мекунанд дар ҳаракатҳояш ҷиноят ҳаст, ки боз дигар камбудиҳои ҷиддӣ дорад, ки дар рафти баррасии парванда, муҳокимаи додгоҳӣ, ки инҳоро бартараф кардан ғайриимкон аст”, – гуфт раиси Додгоҳи олӣ.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олӣ моҳи феврали соли 2024 дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар соли 2023 додгоҳҳои кишвар нисбати се нафар ҳукми сафед баровардаанд. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2020 ду нафар ва соли 2021 11 кас сафед шудаанд.

Коршиносон як сабаби содир нашудани ҳукми сафедкунанда аз сӯйи додгоҳҳои кишварро ба таъсири аз ҳад зиёди мақомоти тафтишотӣ рабт медиҳанд. Ҳарчанд масъули додгоҳҳои кишвар инро рад мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Мирзозода

“Барои бозбинии ҳукмҳои содиршудаи парвандаҳои “лайк” шикоят нашуд”

Рустам Мирзозода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар хусуси бозбинии ҳукмҳои содиршудаи дар доираи “парванда барои “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” гуфт, ки соли гузашта ягон муроҷиат дар хусуси бозбинии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои кишвар ворид нашудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

“Умуман дар соли 2025 аз тарафи додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ягон парванда ворид карда нашудааст ва мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Вобаста ба бозбинии чунин парвандаҳо ягон арзу шикоят низ вуҷуд надорад дар додгоҳҳо”,-гуфт номбурда.

Раиси Додгоҳи олӣ нагуфт, ки ҳоло чанд нафар барои гузоштани “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндон қарор доранд.

Вале, Умед Каримзода, муовини якуми додситони кул, моҳи апрели соли гузашта гуфта буд, ки 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд. Ин оморест, ки дар ин хусус Додгоҳи олӣ на дар нишастҳои матбуотӣ ва на ба дархости расмии “Азия-Плюс” иттилоъ надода буд.

Ёдрас мешавем, ки қонунгузории кишвар имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан (“лайк”)-у бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда содир шудаанд, пешбинӣ кардааст. Вале бо як шарт: агар дар парванда дигар ҷиноятҳо набошад.

“Агар ҳукм танҳо дар асоси парвандаи “лайк” содир шуда бошад, имкони бозбинии ҳукм вуҷуд дорад. Аммо агар дар парванда ҷиноятҳои дигар низ бошад, ин меъёри қонун татбиқ намешавад”, – гуфта буд Рустам Мирзозода дар нишасти моҳи август.

Бояд гуфт, ки соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ шуд.

Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ шуд.

Баъди шаш сол, моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк”-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод кард ва бекор кардани онро талаб намуд.

Дар пайи ин, моҳи апрели соли гузашта дар як иҷлосияи парлумон Умед Каримзода аз пешниҳоди бекор кардани “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк”” хабар дод. Лоиҳаи қонун дар парлумон маҳқул дониста шуд ва онро 14-уми майи соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонид.

Ҳамин тавр, баъди мавриди амал қарор гирифтани он, гуфтугӯҳо дар мавриди бозбинии ҳукмҳое, ки барои писандидану бознашри матолиб дар интернет содир шуда буданд, доғ шуд.

Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь