Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйиротеро қабул кард, ки дар асоси он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Қаблан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гузоштани “лайк” ба зиндон кашидани шаҳрвандон интиқод ва нигаронӣ карда буд. Дирӯз, 10-уми апрел, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон бо иттифоқи оро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйиротеро қабул кард, ки дар асоси он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Қаблан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гузоштани “лайк” ба зиндон кашидани шаҳрвандон интиқод ва нигаронӣ карда буд.

Дирӯз, 10-уми апрел, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон бо иттифоқи оро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст.

Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Лоиҳаи қонуни мазкурро Умед Каримзода, муовини якуми додситони кулл дар парлумон шарҳу тавзеҳ дода, пешниҳод кардааст, ки дар ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1 – “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк”” пурра бардошта шавад.

“…дар эзоҳи моддаҳои 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ мутаносибан пас аз калимаи “он” аломати вергул ва калимаҳои “,ба истиснои маъқул донистан (гузоштани лайк ё дигар аломат)” илова карда шаванд”, – пешбинӣ шудааст дар тағйири қонун.

Барои он ки дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои “лайк”, дигар аломатҳо, ба мисли “зӯр”, “беҳтарин” ва ғайра истифода карда мешаванд, дар қавс калимаҳои “…ё дигар аломат” навишта шудааст.

То ҳол дар асоси ин ду модда шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. Ин ду банди қонун миёни мардум бештар бо мафҳуми ҷазо барои “писандидан” (“лайк”) ва бознашр (“поделится”)-и матолиби мамнӯъи дар интернет нашр ва паҳншуда маъмул аст.

 

Ин тағйирот пас аз қабули Маҷлиси миллӣ, имзои раиси ҷумҳур ва нашраш дар рӯзнома мавриди амал қарор мегирад. Дақиқ нест, ки имрӯз дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ин лоиҳа баррасӣ шудааст ва ё на.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки барои навиштани шарҳ (коментария) дар зери матолиби дар интернет нашру паҳншуда ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳаст ё на. Дар ин хусус на сомонаи парлумони кишвар ва на сомонаи “Садои мардум” маълумот нашр накардаанд.

Умед Каримзода бо такя ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфтааст, ки ҳоло 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд.

Ин оморест, ки мақомот то ҳол пинҳон медоштанд. Дар ин хусус Додгоҳи олӣ на дар нишастҳои матбуотӣ ва на ба дархости расмии “Азия-Плюс” иттилоъ надода буд.

Қаблан, рӯзи 29-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” интиқод карда, он замон гуфта буд, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”.

Ҳамон шабу рӯз дар парлумони кишвар касе ҳозир нашуд ба “Азия-Плюс” шарҳ диҳад, ки оё баъди интиқоди раиси ҷумҳур иқдомеро рӯйи даст хоҳанд гирифт ва барои ворид кардани тағйир ба ин меъёри қонун ташаббус нишон медиҳанд ё не.

Танҳо Мавлудахон Мирзозода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумони Тоҷикистон кӯтоҳ гуфт, ки “ҳангоми бо ҳукми суд норозӣ будан маҳкумшудагон метавонанд бо шикояти кассатсионӣ ё назоратӣ ба судҳои болоӣ муроҷиат намоянд ва судҳои болоӣ асоснок ва қонунӣ будани ҳукмҳоро месанҷанд”.

Ин эъзоҳ ба қонун дар Тоҷикистон аз сӯйи ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчун маҳдудкунии озодии баён ва таъқиб барои он ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.