Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ – минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил карда шуд.
Тавре аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳамчунин бо қарори ҳкумат Рауф Юсуфов аз вазифаи муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан сабукдӯш гардида,
Ҳидоятулло Иноятов муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Абдураҳим Раҳимов роҳбари намояндагии ВКД ҶТ дар Русия оид ба масоили муҳоҷират таъин карда шуданд.