Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милисаро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуда, дар наздашон оид ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва кочоқи маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин дастур дод, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро, ки аз паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои дигар бармеоянд, дастури амали худ намуда, пайваста баҳри баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан бояд ҳамеша раҳбару раҳнамои онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон бошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.