Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бо иштироки раиси раёсати ҶСК «Интер РАО ЕЭС Евгений Дод масъалаи мӯҳлати анҷоми сохтмони иншоот ва пурра мавриди истифода қарор гирифтани он мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» хабар доданд, дар ҷаласаи ситоди сохтмони иншоот ахири моҳи март анҷом додани бунёди нерӯгоҳ ба нақша гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти ҶСК «Маркази муҳандисии ЕЭС» иттилоъ медиҳад, ки корҳои сохтмон дар иншоот дар арафаи анҷомёбианд ва нерӯгоҳ тибқи нақшаи пешбинишуда ахири моҳи март бо иқтидори пурра ба кор дароварда мешавад.



