«Ҳанафия» равияи расмии динии Тоҷикистон эълон шуд

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум, даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни шарҳу тафисри қонуни мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ки бинобар зуҳури падидаҳои тундгароӣ ва ҷараёнҳои барои мардуми […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум, даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Зимни шарҳу тафисри қонуни мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ки бинобар зуҳури падидаҳои тундгароӣ ва ҷараёнҳои барои мардуми кишвар бегона дар ислом зарурат пеш омад, ки тарҳи нави қонун омода гардад.



Ба гуфтаи М.Асрорӣ, тарҳи қонуни мазкур муддати ду сол таҳия гардида, дар омодасозии он коршиносони тоҷик, рӯҳониёни маъруф, намояндагони аҳзоби сиёсиву ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони САҲА саҳм гирифтанд.



Тибқи маълумоти вазири фарҳанг, айни замон дар кишвар 18 муассисаи таълимии динӣ ва ҳудуди 3 ҳазор масҷид амал мекунад, ки 259-тои он масҷиди ҷомеъ аст ва ҳамаи онҳо чун пайравони ҷараёни ҳанафия дар ислом ба қайд гирифта шудаанд. «Аз ин рӯ, мо пешниҳод месозем, ки ҷараёни мазҳабии «Ҳанафия» дар Тоҷикистон равияи расмии динӣ эълон карда шавад», – гуфт М.Асрорӣ.



Вазири фарҳанги кишвар зикр намуд, ки зимни омодасозии тарҳи қонун пешниҳоду тавсияҳои лоиҳаи пешниҳодгардидаи ин қонун аз ҷониби намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон Маҳмадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ низ ба эътибор гирифта шуданд.



Намояндагони мардумӣ лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, бидуни баҳсу мунозираи тӯлонӣ онро маъқул шумориданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.